Вохӯрии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) ва Қирғизистон (U-21) дар варзишгоҳи «Авиатор»
Душанбе, 11.07.2016. /АМИТ «Ховар»/. 12 июл дар варзишгоҳи «Авиатор»-и пойтахт тими мунтахаби ҷавонони то 19-солаи Тоҷикистон дар як бозии дӯстона бо дастаи мунтахаби то 21-солаи Қирғизистон вориди майдон мешаванд.
Футболбозони кишварамон таҳти роҳбарии сармураббии нави худ Виталий Левченко ба бозиҳои ниҳоии «Чемпионати Осиё-2016», ки тирамоҳ дар Баҳрайн доир мегардад, имрӯзҳо дар шаҳри Норак омодагӣ мегиранд. Ин аввалин бозии таҷрибавии дастаи мунтахаб зери роҳбарии мураббиёни нав хоҳад буд.
Оғози бозӣ соати 18 пешбинӣ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-19) 6 -9 август дар мусобиқаи байналмилалии «CAFA Cup U-19», ки дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад, ширкат менамояд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






