Анастасия Тюрина дар гурӯҳи худ ғолиб шуд, вале ба даври баъдӣ роҳ наёфт
Душанбе, 13.08.2016./АМИТ «Ховар»/. Анастасия Тюрина, узви дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқоти интихобии шиноварӣ бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия дар гурӯҳи худ ғолиб шуд. Ӯ дар байни ҳашт нафар бо натиҷаи 31,15 сония мақоми аввалро касб кард. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар мусобиқоти интихобии шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод миёни занон 88 нафар шиноварон ширкат доштанд. Анастасия аз 15 нафари онҳо пеш гузашт ва дар ҷойи 73-юм қарор гирифт.
Дар мусобиқоти интихобӣ Пернилле Блюмеи 22-сола аз Дания бо натиҷаи 24,23 сония ҷойи аввалро гирифт. Франческа Ҳалсалли 26-сола аз Британияи Кабир бо натиҷаи 24,26 сония ҷои дуюм ва Александра Ҳерасименияи 31-сола аз Булғория бо натиҷаи 24,42 сония ҷои сеюмро сазовор гардиданд.
Ҳамин тариқ, Анастасия Тюрина ба мисли шиновари дигари тоҷик Олим Қурбонов аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқот ва идомаи мубориза барои медалҳои олимпӣ маҳрум гашт. Анастасия Тюрина дар ҳайати тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон аз ҳама хурдсол буда, 5 сол боз бо шиноварӣ машғул аст. Вай, ки бори аввал дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, 27 сентябри ҳамин сол 15-сола мешавад. Ӯ хонандаи синфи 8-и мактаби миёнаи рақами 28-и Душанбе мебошад. Анастасия дар Чемпионатҳои ҷаҳон дар Доха (Қатар, соли 2014) ва Қазон (Россия, соли 2015) ширкат кардааст. Ӯро Катерина Измайлова, варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии гузашта дар Лондон муаррифӣ карда буд, машқ медиҳад.
Ҳамин тавр, аз 7 нафар варзишгароне, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар – Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо, вазни то 90 кг), Олим Қурбонов ва Анастасия Тюрина (ҳарду оид ба шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон — Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.
Муҳаммадшо Абдуллоев, раҳбари дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар Олимпиадаи Рио дар мусоҳиба ба хабанигорон гуфт, “ҳамакнун мо танҳо аз Дилшод Назаров медали олимпиро чашмдорем ва умедворем ин гурзандози пуртаҷриба,ки бори чорум дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад, ин дафъа имконияти худро аз даст намедиҳад”.
Тақвими иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти Рио-2016:
15 август, варзиши сабук — Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон
17, 19 август, гурзандозӣ — Дилшод НАЗАРОВ.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд












ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






