«Андалеб-2016»: ҳакамон намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Рӯдакиро беҳтарин донистанд
Душанбе, 18.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Тавре ки қаблан иттилоъ дода будем, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» аз 12 то 21 августи соли равон баргузор мегардад.
Ин навбат дар Фестивал-озмун ҳаваскорони ноҳияи Рӯдакӣ бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертӣ хотири ҳаводорони санъатро болида гардониданд.
Ҳакамон намоиши ҳунарҳои мардумии ноҳияи Рӯдакиро миёни дигар ноҳияҳои иштирокдори Фестивал-озмун беҳтарин ҳисобида, зикр намуданд ки он дар сатҳи баланд ташкил гардид ва онро ба 8,7 хол баҳогузорӣ намуданд.
Ҳакамон ба навозиши умумии «Дилангез» дар иҷрои ансамбли созҳои миллӣ, инчунин сюитаи рақсию овозии «Тараннуми Истиқлол» дар иҷрои кормандони Қасри фарҳанг ва толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия 10 хол гузоштанд. Дар маҷмӯъ, ноҳияи Рӯдакӣ 98,8 хол ба даст овард.
Хотиррасон менамоем, аз 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» роҳ ёфтаанд, ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба гирифтани 100,6 хол сазовор гардида, аз дигарон пешсафанд.








Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






