Фестивал-озмуни «Андалеб-2016»: ҳунармандони ноҳияи Вахш 97,6 хол ба даст оварданд
Душанбе, 16.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев дар даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» ҳаваскорони ноҳияи Вахш намунаи ҳунарҳои мардумиро намоиш дода, бо барномаи консертӣ хотири ҳаводорони мусиқиро шод гардониданд.
Ҳаваскорони ноҳияи Вахш дар иҷрои рақси якка аз ҷониби ҳакамон сазовори 10 хол гардиданд. Лапархонии духтараки ҷавони вахшӣ, ки овози форам дошт, ба баҳои умумии ноҳия 9,7 хол зам намуд. Дар маҷмӯъ ҳунармандони ноҳияи Вахш 97,6 хол ба даст оварданд.
Хотиррасон менамоем, ки намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаҳои консертии 10 шаҳру навоҳии кишвар, ки ба даври ниҳоии Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» роҳ ёфтаанд, аз 16 то 21 августи соли равон идома ёфта, 23 август бо намоиши гулчини барномаҳои ҳунарии ҳамаи шаҳру навоҳӣ ҷамъбаст мегардад.
Дар айни ҳол ҳунармандони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо 100,6 хол пешсафанд.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






