Ин пагоҳӣ сокинон дар «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» фаъол буданд
Душанбе, 06.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз ҳар рӯзи шанбе соати 06:00 дар саросари мамлакат «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» баргузор мекунад. Аз ин баъд рӯзи шанбе дар саросари мамлакат Рӯзи варзиш эълон шудааст.
Ин тадбир бо мақсади ҷалби аҳолӣ ба варзиш ва ба ин васила тарғиб намудани тарзи ҳаёти солим дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави кишвар роҳандозӣ гардид.
Тавре ки қаблан бо истинод ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иттилоъ дода будем, машқҳои пагоҳирӯзӣ дар марказҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар Варзишгоҳи марказӣ, Боғи ғалаба, саҳни Театри опера ва балет, Сирки давлатӣ ва назди Шар-шараи Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт доир мегарданд.
Субҳи барвақт сокинони касбу кори гуногун, наврасон ва ҷавонон ба ин марказҳо омада, дар «Машқҳои пагоҳирӯзӣ» фаъолона ширкат варзиданд.
Мавриди ёдоварист, ки Пешвои миллат ба солимгардонии ҷомеа, оммавигардонии варзиш ва ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, ба масъулин супориш медиҳад, ки тарғибу ташвиқи варзиш ва тарзи ҳаёти солимро васеъ ба роҳ монанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд












ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






