Ғизои солим асоси саломатӣ мебошад

Август 20, 2016 12:03

Душанбе, 20.08.2016 /АМИТ «Ховар»/. Организми инсон ҳамарӯза ба ғизо ниёз дорад.  Агар  миқдори зарурии ғизо  дар вақти муайян ба организми инсон нарасад,   дигар шудани бофтаҳо ба амал меояд.
Аҳамияти ғизо дар синни кӯдакӣ ва наврасӣ ҳамчун омили асосӣ, фарқияти организми болиғро аз организми кӯдак муайян мекунад ва боиси афзоиш ва инкишофи ӯ мегардад.
Бо назардошти муҳимияти масъала соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йодноккунии намак» ва соли 2006 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон» қабул гардиданд. Дар натиҷаи амалисозии ин қонунҳо тайи 8 соли охир нишондиҳандаҳои қадпастӣ, камвазнӣ нисбат ба синну сол ва камхунӣ дар байни кӯдакон ва занони синну соли қобили таваллуд кам гардид, ки ин натиҷаи мусбати татбиқи самараноки сиёсати давлат дар ҳифзи саломатии аҳолӣ мебошад.
Тавре ки аз  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, норасоии витаминҳо ва минералҳо яке аз сабабҳои асосии беморшавӣ ва фавти кӯдакон мебошад. Беҳсозии саломатии аҳолӣ сармоягузории оқилона ба ҳисоб меравад, зеро аҳолии солим на танҳо хушбахт, балки пурмаҳсул мегардад.
Ғизогирии хуб асоси саломатӣ мебошад. Хӯроке, ки мо истеъмол мекунем, организмро бо маводи ғизоии барои фаъолияти дуруст ва зарурӣ таъмин менамояд. Истеъмоли ғизои солим ва гуногун на ҳамеша имконпазир аст. Ғизои нокифоя метавонад саломатиро заиф гардонад,  хавфи сироятро зиёд кунад, боиси қадпастӣ, таъхири балоғатрасӣ, норасоии микроэлементҳо,  заифии устухонҳо ва хониши суст гардад. Истеъмоли хӯроки серғизо дар инкишофи ҷисмонию зеҳнии хубтари наврасон мусоидат мекунад.
Мутриба Латифова, ҳамоҳангсози барномаҳои «Алянси глобалӣ барои беҳдошти ғизо» ба  хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки норасоии микроэлементҳо, ба монанди оҳан, йод, витамини А, кислотаи фолиевӣ ва синк метавонад оқибатҳои харобиовар дошта бошад. «Махсусан занҳои ҷавон ва кӯдакони хурдсол ба норасоии микроэлементҳо ҳассос ва осебпазир мебошанд. Масалан, норасоии оҳан дар хурдсолӣ дар оянда ҷуброн намегардад.  Дар  натиҷа  ҳатто 10 сол  пас  аз  ба  эътидол  омадани  захираҳои  оҳан  дар  организм  он метавонад ба кори зеҳнӣ зарар расонад. Бо мақсади коҳиш додани ҳодисаҳои нуқси найчаи асаб (NTD), ки боиси беморӣ, ба монанди Spina Bifida мегардад, кислотаи фолиевӣ ба орди гандумӣ илова карда мешавад»,- баён дошт мусоҳиб.
Ғанигардонии маводи ғизоӣ ба илова намудани миқдори хурди микроэлементҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокӣ ё хӯришҳо алоқаманд аст, ки худ бо мақсади беҳтар намудани истифодаи микроэлементҳо аз ҷониби одамон  мунтазам истеъмол мегардад.
«Ғанигардонии маводи ғизоӣ,  илова намудани витамину минералҳо ба маҳсулоти асосии хӯрокӣ  воситаи бехатар ва самараноки беҳтар намудани ҳолати ғизогирӣ, саломатӣ ва пешгирӣ намудани гурустнагии ниҳонӣ бе тағйирдиҳии одатҳои ғизохӯрии инсон ба ҳисоб меравад. Ғанигардонии маводи ғизоӣ,  эҳтимолан  аз  лиҳози  иқтисодӣ  воситаи  аз  ҳама  самарабахши  бартараф  намудани норасоии  микроэлементҳо  ва  коҳишдиҳии  сарбории  алоқаманд  ба  низоми  тандурустӣ  ва баланд бардоштани маҳсулнокӣ маҳсуб мешавад. Махсусан он метавонад рушди ҷисмонӣ ва зеҳнии муносиби кӯдаконро, ки дар оянда барои аъзои пурмаҳсули ҷамъият шудан ба воя мерасанд, таъмин намояд», -илова намуд М.Латифова.
Тибқи  Созишномаи  Копенҳаген  ҳар 1 доллари  амрикоии барои  ғанигардонӣ  сарфшуда  ба иқтисодиёт 9 доллари ИМА фоида меоварад. Хароҷоти умумии ғанигардонӣ хеле ночиз аст.
Оҳан минерали муҳим барои фаъолияти масуният маҳсуб шуда, барои гардиши оксиген дар организм мусоидат мекунад. Камхунӣ ҳангоми ҳомилагӣ хавфи фавти модар ва кӯдакро то таваллуд ва камвазнии навзодро зиёд мекунад. Фавти модар ва навзод дар якҷоягӣ боиси марги 2,5 миллион- 3,4 миллион нафар дар тамоми ҷаҳон мегардад.
Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ дар Тоҷикистон мебошад. 24 дар сади занони синни репродуктивӣ ва 29 дар сади кӯдакони то панҷсола аз камхунӣ бо сабаби норасоии оҳан азият мекашанд. Норасоии микроэлементҳои ғизоӣ ба ҳамаи гурӯҳҳои солашон гуногун таъсир мерасонад, аммо кӯдакон ва занони синни репродуктивӣ аз ҳама бештар осебпазир буда, бо сабаби норасоии микроэлементҳои ғизоӣ, наметавонанд аз тамоми имконияту қобилиятҳои худ ҳамчун хонанда, волидайн, коргар ва шаҳрванд ба пуррагӣ бархӯрдор шаванд.

Август 20, 2016 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд