Мағлубияти Анвар Юнусов ҳадди охир нест. Ба варзишгарони дигари Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпӣ мухлисӣ мекунем!

Август 10, 2016 11:56

Душанбе, 10.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Муштзани тоҷик  Анвар Юнусов дар қувваозмоии дуюм баъди мағлубият аз варзишгари бразилиягӣ аз ҳуқуқи иштирок дар даври минбаъда маҳрум шуд. Вале ин варзиш аст ва маънии поёни роҳро надорад. Анварро қувваозмоиҳои дигар дар пеш интизоранд ва итминон дорем, ки ҳоло на як бору ду бор ба шарафи ӯ парчами Тоҷикистон барафрохта мешавад.

Имрӯз ва рӯзҳои дигар тибқи барномаи Бозиҳои олимпӣ дар Рио қувваозмоии варзишгарони дигари мо, аъзои тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон дар назар аст. Таваҷҷӯҳ кунед:

10  август, дзюдо
Комроншоҳи УСТОПИРИЁН, дар вазни то 90 кг

12 август, дзюдо
Муҳаммадмурод АБДУРАҲМОНОВ, дар вазни +100 кг

11-12 август, шиноварӣ
Олим ҚУРБОНОВ, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни мардон

12-13 август, шиноварӣ
Анастасия ТЮРИНА, бо тарзи озод ба масофаи 50 метр миёни занон

15-17 август, варзиши сабук
Кристина ПРОНЖЕНКО, давидан ба масофаи 200 метр миёни занон

17, 19 август, гурзандозӣ
Дилшод НАЗАРОВ

Ба варзишгарони Тоҷикистон ҳамроҳ мухлисӣ мекунем ва барояшон барору комёбӣ мехоҳем!

 

Август 10, 2016 11:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд