Мусобиқаи волейбол миёни бонувон бахшида ба 25-солагии Истиқлолият оғоз гардид
Душанбе, 04.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз дар Маҷмааи варзишии ШҶ «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти шиори «Варзиш-солимии ҷомеа» Мусобиқаи кушоди даставӣ байни бонувон оид ба волейбол оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии кишвар хабар доданд, мусобиқа ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, таҳкими дӯстию рафоқат ва ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона карда шудааст.
Муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Икром Умарзода зикр кард: «Имрӯзҳо дар саросари ҷумҳурӣ бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва фарҳангӣ баргузор шуда истодааст, ки он як туҳфаи арзанда барои сазовор таҷлил намудани ин рӯйдоди таърихӣ мебошад. Мусобиқаи имрӯза агар аз як тараф ғолибон ва беҳтаринҳоро муайян кунад, аз ҷониби дигар ҳамкорӣ ва муносибатҳои кормандони мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту идора ва корхонаҳои давлатиро қавитар месозад».
Дар мусобиқа 10 даста дар ду гурӯҳ «А» ва «Б» аз Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ, Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М.Турсунзода, Коллеҷи ба номи М.Атоев, Хадамоти давлатии «Муҳофиза», Академия ва Вазорати корҳои дохилӣ байни ҳам рақобат намуда, барои ба даст овардани ғолибият маҳорати варзишии худро месанҷанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






