Паҳлавони фаронсавӣ чемпиони олимпӣ дар риштаи дзюдо гардид
Душанбе, 15.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Паҳлавони шинохтаи фаронсавӣ Теди Ринер дар вазни бештар аз 100 кило дар сабқати дзюдо миёни мардон соҳиби медали тиллои олимпӣ гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд. Теди Ринер, варзишгари фаронсавӣ, ки 140 килограмм вазн дорад, дар рақобати ниҳоӣ бо паҳлавони ҷопонӣ Ҳисаёси Ҳарасава пирӯз гардид. Дар ин рақобат варзишгари ҷопонӣ ду огоҳӣ ва варзишгари фаронсавӣ танҳо як огоҳӣ гирифта буд. Бинобар ин ғолибият насиби Теди Ринер шуд. Ин дуюмин медали тиллои олимпии варзишгари фаронсавӣ мебошад, зеро ӯ дар олимпиадаи Лондон-2012 низ дар ҳамин вазан ҷойи аввалро гирифта буд. Медалҳои биринҷӣ дар ин вазн аз они Рафаэл Силве, варзишгари Бразилия ва Абдулло Тангриев аз Узбекистон гардиданд.
Бояд зикр кард, ки паҳлавони маъруфи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар қувваозмоии нахустинаш дар мусобиқаи дзюдо аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақибаш Алекс Гарсиа Мендоза аз Куба шикаст хӯрда, аз идомаи рақобат маҳрум шуда буд. Ёдовар мешавем, ки варзишгарони фаронсавӣ то кунун дар олимпиадаи Рио-де-Жанейро дар риштаи дзюдо ду медали тилло, ду нуқра ва як биринҷиро ба даст овардаанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






