Шаҳри Панҷакент ғолиби фестивал-озмуни «Андалеб-2016» гардид
Душанбе, 24.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. 23 август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев маросими ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2016» баргузор гардид.
Вазири фарҳанги кишвар Шамсиддин Орумбекзода дар ҷамъбасти озмун иброз дошт, ки: «Мероси ғановатманди таърихию фарҳангии халқи тоҷик яке аз захираҳои тамомнашавандаи рушди фарҳанги миллӣ ба шумор меравад. Эъҷози санъат ва ҳунар воқеан муъҷизаеро мемонад, ки он ба мустаҳкам намудани асосҳои маънавии ҷомеа, ташаккули афкори созанда, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ равона гардидааст».
Сипас дар маросими ҷамъбасти озмун ба 26 намоиши беҳтарини иштирокчиёни даври ниҳоӣ, ки сазовори баҳои баланд, яъне 10 хол гардида буданд, туҳфа ва диплом тақдим карда шуд.
Бояд гуфт, ки шоҳҷоиза насиби ҳунармандони шаҳри Панҷакент гардид, ки бо гирифтани 102,5 хол ғолибиятро ба даст оварданд.
Ҷои якум насиби се ноҳия: ноҳияи Синои ш. Душанбе, ноҳияи Файзобод ва ноҳияи Тоҷикобод гардид. Ҷои дуюмро ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Вахш ишғол намуданд. Ҷои сеюм насиби ноҳияи Рӯшон, шаҳри Ҳисор ва ноҳияи Роғун гардид.
Дар охир гулчини барномаҳо манзури тамошобинон гардонида шуд.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






