Шикасти паҳлавони тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар Рио-2016
Душанбе, 13.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз паҳлавони шинохтаи тоҷик Муҳаммадмурод Абдураҳмонов дар қувваозмоии нахустинаш дар мусобиқаи дзюдо аз рӯи барномаи Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро аз рақибаш Алекс Гарсиа Мендоза аз Куба шикаст хӯрд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар доданд.
Қувваозмии паҳлавони тоҷик бо гӯштингири кубагӣ дар вазни беш аз 100 кило дар Қасри гӯштини Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд.Бояд зикр кард, ки дар муддати сеюним дақиқаи қувваозмоӣ Муҳаммадмурод бартарӣ дошт, зеро ки рақибаш шидо (огоҳӣ) гирифта буд. Вале ғайричашмдошт 1 дақиқаю 18 сония пеш аз анҷоми сабқат Алекс Гарсиа Мендоза усулеро ба кор бурд, ки Муҳаммадмурод мағлуб шуд. Ҳамин тариқ, варзишгари кубагӣ бо баҳогузории иппон ғалабаи соф ба даст овард ва ба даври баъдӣ роҳ ёфт. Муҳаммадмурод бошад, аз идомаи мубориза барои медали олимпӣ маҳрум гашт.
Алекс Гарсиа Мендоза паҳлавони номдор ва пуртаҷриба буда, ҷоизадори бисёркаратаи Гран-при ва Grand Slam (Тоскулоҳи бузург) аст.Ба гуфтаи Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, аз ин пеш ӯ бо паҳлавони кубагӣ як бор дар мусобиқоти Гран-при дар Тсиндаои Чин қувваозмоӣ карда, пирӯз шудааст. Вале ин дафъа рақибаш дастболо гардид.
Ба ин тартиб, аз ҳафт варзишгаре, ки ба ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон дохиланд, панҷ нафар Анвар Юнусов (бокс, вазни то 60 кг), Комроншоҳи Устопириён (дзюдо,дар вазни то 90 кг), Олим Қурбонов, ва Анастасия Тюрина (шиноварӣ ба масофаи 50 метр бо тарзи озод) ва Муҳаммадмурод Абдураҳмонов (дзюдо, вазни беш аз 100 кг) ба нокомӣ дучор шуда, аз медалҳои олимпӣ бенасиб монданд.
Ёдовар мешавем, ки ду нафари дигар — Кристина Пронженко (давидан ба масофаи 200 метр) ва Дилшод Назаров (варзиши сабук, гурзандозӣ) — дар мусобиқоти Олимпиадаи Рио ширкат хоҳанд кард.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






