Сифат ва дӯхти либосҳои истеҳсоли ватанӣ имсол ба талабот ҷавобгӯянд

Август 19, 2016 16:03

Душанбе, 19.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Волидайни хонандагони мактабҳои миёнаи кишвар имсол либоси мактабии истеҳсоли ватаниро харидорӣ менамоянд. Дар ин замина соли 2016 дар асоси шартномаҳои ба имзо расида байни муассисаҳои таълимӣ ва корхонаҳои дӯзандагӣ барои беш аз 1 млн. нафар хонанда ҷиҳати истеҳсоли либоси мактабӣ фармоишҳо пешниҳод шудаанд. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Имрӯз теъдоди умумии хонандагон дар миқёси кишвар беш аз 1 млн. 810 ҳазор нафар буда, тибқи маълумоти оморӣ дар ҳафт моҳи  соли 2016 зиёда аз  249 ҳазор дона либоси мактабӣ истеҳсол шудааст.
Бино ба гуфтаи Фарзона Бекмаҳмудова, сокини пойтахт, имсол либосҳои истеҳсоли ватанӣ аз солҳои гузашта куллан фарқ мекунанд.
«Соли гузашта ман барои харидории либоси мактабӣ ба  Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» омадам, вале ченаки либоси мувофиқ наёфтам. Баъдан сифати либосҳои порсола хеле паст буд,  вале имсол баръакс, сифати матоъҳои интихобшуда хеле баланд буда, дӯхти либосҳо ҳам аз дӯхти туркӣ ягон фарқият надорад»,- гуфт мусоҳиби мо.
Сармуҳандиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии  тоҷик»  Раҳматулло Ғуломов баён дошт, ки сифати либосҳои мактабии истеҳсоли ин корхона  имсол аз соли гузашта ба куллӣ фарқ мекунад. «Либосҳои имсолаи коргоҳи мо бо сифати хеле баланд истеҳсол шуда истодаанд. Барои хушсифатии либосҳои мактабӣ мо дастгоҳҳои наву муосир насб намуда, ҳамаи матоъҳои харидаро пеш аз истифода дар озмоишгоҳи корхона аз ташхис мегузаронем. Ҳамаи матоъҳо ба иқлими мо мутобиқ буда, ба саломатии  истеъмолкунандагон зарар намерасонанд.   Бояд гуфт, ки сифати либосҳои истеҳсолкардаи мо аз хариди он низ вобастагии калон дорад.  Яъне ҳар қадар  маҳсулот бештар харидорӣ шавад, истеҳсол зиёд шуда, коркарди технологии он хубтар ва сифаташ ҳам баланд мешавад»,- илова намуд Р.Ғуломов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, либосҳои дар соли 2009 — 2010 истеҳсолшуда аз имсола фарқи калон доранд. Яъне, сифати ҳам матоъ ва ҳам дӯхт сол то сол беҳтар шуда истодааст.
Бо ин гуфтаҳои мусоҳиб сокини пойтахт  Нигора Саидова  розӣ буда, мегӯяд, ки либосҳои имсола аз порсола сифати хуб дошта, нархаш ҳам нисбат ба бозор арзонтар аст. «Мо бовар дорем, ки сол то сол сифати молҳои ватанӣ беҳтар мешаваду мо дигар молҳои пастсифати чиниро харидорӣ намекунем. Ман пеш аз харидани либос нарху навои бозорро низ аз назар гузаронидам. Масалан, дар  корхонаҳои нассоҷӣ куртаи мактаббачагон  30-40 сомонӣ буда, дар бозор он аз 60 сомонӣ боло мебошад. Як шими кӯдакона дар ин ҷо 40 сомонӣ, дар бозори Корвон нархи он аз 80 сомонӣ болотар аст. Боз бар замми ин сифаташон он қадар хуб набуда, истеҳсоли Чин ё Қирғизистон мебошад. Имрӯз ман аз ИИ «Нассоҷии тоҷик» барои писарам шим, костюм ва камзӯлчаро бо нархи 170 сомонӣ харидам, ки он қадар гарон нест»,-илова намуд Н.Саидова.
Бино ба маълумоти сармуҳандиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии  тоҷик»  Раҳматулло Ғуломов, корхонаи онҳо  имсол бо 118 муассисаи таҳсилоти умумии кишвар шартнома баста, мувофиқи ин шартнома онҳо бояд 135 ҳазор адад либосҳои мактабӣ тайёр намоянд. «Мо дар тӯли як сол  150 ҳазор либоси мактабиро омода намудем. Истеҳсоли маҳсулоти мо нисбат ба соли 2015 — 1,7 фоиз бештар гаштааст. Мо то 1 августи соли 2016 ба мағлағи беш аз 3 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардем ва мо имкони аз ин бештар истеҳсол карданро дорем. Дар айни замон бисёр корхонаҳои ватанӣ маҳсулоти босифат истеҳсол менамоянд ва солҳои наздик  имкон дорем мардумро бо маҳсулоти ватанӣ пурра таъмин кунем, ки ин ба ба нафъи иқтисодиёти кишвар  хоҳад буд», — зикр намуд мусоҳиб.


Бино ба гуфтаи масъулини корхонаҳои нассоҷӣ, онҳо доим кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти тайёркардаашон  нисбат ба бозор арзонтар бошад.  Дар ин корхонаҳо  шиму костюми писарона аз 140  то 270 сомонӣ, як  курта, доманӣ ё костюмчаи духтарона аз 30 то 40 сомонӣ нархгузорӣ шуда,  дар ҷуфт он аз 130 то 270 сомонӣ мебошад.
Фароғат Муллоева, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 49-и ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, харидани либосҳои ватанӣ маҷбурӣ нест. Мо танҳо ба падару модарон тавсия медиҳем ва намуди либоси мактабиро пешниҳод менамоем, боқӣ ихтиёр дар дасти онҳо, хоҳанд аз корхонаҳои нассоҷӣ харанд,  нахоҳанд, ҳамон намудро дӯзонанд ё аз бозор дастрас кунанд. Муҳим он, ки кӯдак бо либоси мактабӣ таъмин бошад.
Директори корхонаи «Бофандаи Норак» Иноятулло Шарипов ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр дошт, ки онҳо ба  либосҳои мактабии истеҳсоли корхонаашон барои сифат кафолат медиҳанд. «Дар  тӯли се соле, ки мо ба дӯхтани либосҳои мактабӣ машғулем, аз ҷониби падару модарон нисбат ба либосҳои пешниҳоднамуда ягон шикоят  нашудааст. Аз  ҳамин сабаб имсол 17 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Норак барои тайёр намудани либоси мактабӣ бо онҳо шартнома бастаанд. Намуди либосҳоро худи волидайн интихоб намудаанд», -иброз дошт И. Шарипов.
Аммо Абдулло Юнусов, сармутахасиси шуъбаи маорифи  шаҳри Норак оид ба тарбия баён дошт, ки ҳарчанд  директорони муасссисаҳо бо корхонаҳои дӯзандагӣ шартнома баста бошанд ҳам, харидани ин либосҳо маҷбурӣ набуда, волидайн метавонанд ҳамон навъи либосро аз мағозаю бозор харидорӣ кунанд. «Дар ҳақиқат либосҳои истеҳсолнамудаи баъзе корхонаҳо ба талабот ҷавобгӯ нест, аз ҳамин сабаб падару модарон маҳсулоти аз  хориҷа воридшударо харидорӣ мекунанд»-,гуфт А.Юнусов.
Бино ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон,  дар ҷумҳурӣ беш  аз 200 корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсолии зиёда аз 2 млн. адад либоси дӯзандагӣ ба маблағи зиёда аз 760 млн. сомонӣ фаъол мебошанд. Корхонаҳои мазкур дар мавриди пешниҳод гардидани фармоишҳо аз ҷониби муассисаҳои соҳаи маориф ва харидорӣ гардидани маҳсулоти истеҳсолгардида, метавонанд на танҳо талаботи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро бо либоси мактабӣ таъмин намоянд, балки занони хонашинро бо кор таъмин намоянд.
Ҳоло дар  якчанд корхонаи дӯзандагии кишвар барои дӯхтани либосҳои гуногун таҷҳизоти беҳтарини ҳозиразамон  истифода карда  мешаванд, ки ба роҳ мондани иҷрои ҳар гуна амалиёти дӯзандагӣ ба таври автоматикӣ ё нимавтоматикӣ имконпазир гаштааст.  Ин гуна барномаҳо ва плоттерҳо ҳоло дар як қатор корхонаҳои дӯзандагии ватанӣ, ба монанди ҶСК «Гулистони Душанбе», ҶДММ «ИИ Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Даҳбед», ҶДММ «Ҷавонӣ» ва  ҶДММ«Сано» ҷорӣ карда шудаанд, ки ҳангоми омода намудани либос дар ин коргоҳҳо  ҳам сифати дӯхт ва ҳам модели либос замонавӣ ва хушсифат  омода мешавад.
Бояд зикр намуд, ки дар назди ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии Тоҷик», ҶДММ «Ёқут- 2000», ҶСК «Ресандаи Қурғонтеппа», Корхонаи дўзандагии шаҳри Қурғонтеппа, ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд», корхонаи «Салимабону» ва якчанд корхонаҳои дигар нуқтаҳои доимии намоишу  фурўши маҳсулоти дўзандагӣ, бахусус либосҳои мактабӣ ташкил гардида, ба шаҳрвандон либосҳои мактабӣ тамоми сол дастрас мебошанд.


Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки фаъолияти муътадили корхонаҳои дўзандагӣ аз он вобастагӣ дорад, ин таъминот бо матоъ мебошад.
ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» дар самти коркарди нахи пахта то маҳсулоти ниҳоӣ (дӯзандагӣ) фаъолияти истеҳсолӣ дошта, иқтидори солонаи корхона доир ба истеҳсоли матоъҳои пахтагӣ ва омехта зиёда аз 2,5 млн. метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Корхона бо таҷҳизот ва технологияи муосир муҷаҳҳаз  буда,  истеҳсоли маҳсулоти  хушсифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ, аз ҷумла куртаи мардона, занона, шим, нимшимҳо, либосҳои кӯдакона, дастархон, сачоқ ва дигар маҳсулот истеҳсол менамояд. Корхона метавонад дар як сол 3 ҳазор тонна риштаи пахтагӣ,  2,5 млн. метри мураббаъ матои тайёр, 350 ҳазор дона маҳсулоти дӯзандагӣ ва 400 тонна риштаи рангкардашуда истеҳсол намояд.
Ҷамъияти мазкур имконият дорад корхонаю коргоҳҳои дӯзандагиро бо матоъҳо ҷиҳати истеҳсоли  либоси мактабӣ,  инчунин коркунони соҳаи тибро бо матоъҳои махсус таъмин намояд.

Лайло Қосимова

Август 19, 2016 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони фаъоли Тоҷикистон бо корхонаҳои саноатӣ ва мавзеъҳои фарҳангии ноҳияи Рӯдакӣ шинос гардиданд
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ 65 ширкату корхонаи ватанию хориҷӣ маҳсулоташонро муаррифӣ менамоянд
Раёсати ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб соҳиби бинои замонавӣ мегардад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Дар Тоҷикистон намоиши асарҳои бо мех офаридаи рассоми олмонӣ баргузор мешавад
Дар семоҳаи якуми соли 2024 дар ноҳияи Фирдавсӣ 683 шаҳрванд ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайвастанд
Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шиносоӣ аз наздик. Муштариёни шаҳри Душанбе меҳмони оператори худ шуданд
Сафири ИМА зимни мулоқот дар водии Рашт самтҳои ҳамкории дуҷонибаю имконоти рушдро баррасӣ намуд
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ҳамоиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Кишоварзони ноҳияи Ёвон дар 7500 гектар пунбадона кишт намуданд
Дар Донишкадаи саноат ва хизматрасонӣ доир ба инкишофи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ конференсия доир шуд