Трешэр аввалин медали тиллои Олимпиадаи Риоро соҳиб шуд
Душанбе, 08.08.2016. /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари амрикоӣ Вирҷиния Трэшер, барандаи аввалин медали тиллои Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия гардид. Ӯ дар мусобиқа оид ба тирандозӣ аз туфанги пневматикӣ ба масофаи 10 метр мақоми аввалро касб кард.Варзишгари 19-сола 208 имтиёз ба даст овард, ки ин рекорди нави олимпӣ дар даври ниҳоӣ ё финал маҳсуб мешавад. Барои Трэшер Олимпиадаи Рио-де-Жанейро аввалин мусобиқоти бузурги байналмилалист.Ҷойи дувумро Ду Ли (207 имтиёз) аз Чин ва ҷойи севумро ҳамватани ӯ И Силин (185,4 имтиёз) соҳиб шуданд. Ёдовар мешавем, ки Ду Лии 34-сола қаҳрамони дукаратаи Бозиҳои олимпӣ (2004, 2008), И Силини 27-сола ғолиби Олимпиадаи Лондон-2012 мебошанд.Дар Олимпиадаи Рио-2016 аввалин рекорди ҷаҳонӣ гузошта шуд, ки он ба Ким У Ҷин аз Кореяи Ҷанубӣ дар риштаи камонварӣ марбут аст.Хотирасон менамоем, ки Бозиҳои ХХХI тобистонаи олимпӣ дар Рио-де-Жанейро аз 5 то 21 август сурат мегиранд,ки дар ин олимпияда 207 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд






