Дар Душанбе масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳокима гардид
Душанбе, 2.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати намояндагии Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) дар ҷараёни сафари кории худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони як зумра вазорату идораҳои дахлдор мулоқоти корӣ анҷом дода, масъалаи омӯзиши барномаи ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
Ҳамчуни дар ҷараёни кори худ дар Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо иштироки роҳбарони аввали сохторҳои бахши иқтисодии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати намояндагии ХБА таҳти роҳбарии муовини роҳбари идораи Департаменти кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Марказӣ Пол Росс мулоқоти корӣ баргузор гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо дар атрофи масъалаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, алалхусус оид ба нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ, низоми монетариву фискалӣ, таҳияи лоиҳаи барномаи механизми васеи қарздиҳии ХБА ба Тоҷикистон мубодилаи афкор намуданд.
Роҳбари ҳайати намояндагии ХБА оид ба Тоҷикистон Пол Росс дар анҷоми мулоқот изҳор дошт, ки натиҷаҳои барномаи ислоҳоти иқтисодӣ дар Тоҷикистон назаррас буда, барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои гуногуни иқтисодиёт ХБА пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати омода намудани барнома дар муҳлати кӯтоҳтарин мавриди баррасӣ қарор медиҳад.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи матбуотии БМТ иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






