Дар Душанбе Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» доир мегардад

Сентябрь 30, 2016 08:44

Душанбе, 30.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Аз 7 то 9 октябри соли равон бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳуриии Тоҷикистон доир мегардад.
Мақсад ва вазифаи асосии Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба намоиш гузоштани комёбиҳо ва дастовардҳои соҳаи табъу нашри миллӣ дар даврони истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин тарғибу ташвиқи мероси адабии мардуми тоҷик ва шиносоӣ бо адабиёти ҷаҳон, омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонии соҳаи табъу нашри китоб, истифодаи таҷҳизоти муосири полиграфӣ ва дигар маводи чопӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар намоишгоҳи мазкур ноширони дохил ва хориҷи кишвар аз 18 давлати ҷаҳон, аз қабили Русия, Эрон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Афғонистон, Ҳиндустон, Покистон, Фаронса ва дигар кишварҳо, ташкилоту ширкатҳо ва ассотсиатсияҳои савдои китоб, дастраскунандагони китобу дигар маводи чопӣ, ҳамчунин ширкатҳоиистеҳсолкунандагони таҷҳизоту дастгоҳҳои полиграфӣ иштирок менамоянд.
Хамчунин дар барномаи Намоишгоҳи шашуми байналмилалии «Китоби Душанбе» бо иштироки муаллифони асарҳо ба маърази намоиш ва фурӯш гузоштани маводи чопӣ дар мавзӯъҳои гуногун, китобҳои электронӣ, ҳамчунин намоиши дигар намудҳои маҳсулоти полиграфӣ пешбинӣ шудааст.

Сентябрь 30, 2016 08:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар