Дастовардҳо ва дурнамои илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ
Душанбе, 6.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 сентябри соли равон дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси илмӣ- назариявии «Рушди илми ватанӣ дар 25 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва дурнамо» баргузор гардид.
Тавре аз маркази матбуоти Академияи илмҳо ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки Академияи илмҳо дар 25 соли Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандона ва илмпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид.
Зикр шуд, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ба ҳифз ва тараққӣ додани маркази асосии илми тоҷик- Академияи илмҳо равона карда шуд. Дар натиҷаи ин сиёсати дуруст ва ояндабинонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Академияи илмҳои ҷумҳурӣ қудрати илмии худро ҳифз намуда, фаъолияти серсоҳаашро дар самтҳои барои ҷумҳурӣ афзалиятноки илм бомуваффақият идома дод.
«Дар 10 соли охир бештар аз се ҳазор мақолаву асарҳои илмӣ ва фишурдаи мақолаҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷаллаву нашриёти бонуфузи давлатҳои ИДМ, Амрико ва Аврупо ба нашр расиданд, ки ин шаҳодати эътирофи олимони тоҷик ва натиҷаҳои илмии онҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад»,- гуфт президенти Академияи илмҳо ва ҳамзамон афзуд, ки:
«Робитаҳои байналмилалии илмии Академияи илмҳо бо марказҳои илмии давлатҳои Русия, кишварҳои дигари ИДМ, Ҳиндустон, Чин, Ҷопон ва ИМА таҳким ёфта истодаанд».
Академияи илмҳо узви баробарҳуқуқи Ассотсиатсияи байналмилалии Академияи илмҳо, Ассотсиатсияи Академияи илмҳои Осиё, Академияи илмҳои давлатҳои мутараққӣ ва Шӯрои байналмилалии марказҳои илмӣ гардид. Ҳоло Академияи илмҳои ҶТ дар асоси 15 созишнома бо даҳ давлати ҷаҳон ҳамкории илмию техникӣ дошта, дар иҷрои ҳашт созишномаи байниҳукуматӣ иштирок мекунад, аъзои панҷ ташкилот, комиссия ва кумитаҳои байналмиллалӣ мебошад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






