Изҳороти сухангӯи Иттиҳоди Аврупо бахшида ба 25-солагии Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 14, 2016 10:23

Душанбе, 14.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 25- солагии эъломияи истиқлолияти давлатияш табрик мекунад.
Иттиҳоди Аврупо раванди ислоҳотро дар Тоҷикистон фаъолона дастгирӣ намуда, барои ривоҷи муносибатҳои дарозмуҳлат баҳри рушди босуботу амнияти кишвар дар асоси «Созишномаи шарикӣ ва ҳамкорӣ» ва ҳамчунин «Стратегияи Иттиҳоди Аврупо нисбат ба Осиёи Марказӣ» ҳозир аст.
Таҳкими равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва давлатҳои Осиёи Марказӣ мавзӯи асосии вохӯрии дарпешистодаи вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ хоҳад шуд. Ин вохӯрӣ, ки 4 октябр дар шаҳри Брюссел таҳти раёсати Намояндаи Олӣ ва ноиб-президенти Комиссияи Аврупо хонум Федерика Могеринӣ дар арафаи конфронси Брюссел бахшида ба масоили Афғонистон баргузор мегардад, бори дигар аз муносибатҳои зич бо шарикони мо дар Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳад.

Сентябрь 14, 2016 10:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид