Клубҳои футболи Англия ба маблағи беш аз 1 миллиард фунт- стерлинг бозингар хариданд
Душанбе, 1.09.2016 / АМИТ «Ховар» /. Дар мавсими нави Премйер-лигаи Англия клубҳои футболи ин кишвар дар бозори тобистонаи хариди футболбозон, ки имрӯз пӯшида мешавад, беш аз 1 миллиард фунт-стерлинг (1,17 миллиард евро) сарф карданд.
Хабаргузории «SkySports» иттилоъ медиҳад, ки дирӯз баъди харидани бозингари КФ «Валенсия»-и Испания Шкодран Мустафи аз ҷониби КФ«Арсенал», маблағи умумӣ дар ин самт ба 1,021 миллиард фунт баробар шуд, ки ин рекорди нав мебошад. Соли гузашта дастовард 901 миллион фунт-стерлингро ташкил дода буд.
Ёдрас мешавем, ки футболбози аз ҳама қиматбаҳои имсола Пол Погба аз ҷониби КФ «Манчестер Юнайтед» ба маблағи 105 миллион евро харидорӣ шуд, ки ин нишондиҳанда дар таърихи футбол аз ҳама баландтарин аст.
Дар муқоиса бо ин, гузариши футболбози аз ҳама босуръати ҷаҳон Гарет Бейл ба «Реал» 101 миллион евроро ташкил медод.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






