Корманди Вазорати нақлиёт дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг соҳиби ҷои аввал шуд

Сентябрь 21, 2016 14:22

Душанбе, 21.09.2016 /АМИТ «Ховар»/. Мутахассиси пешбари шуъбаи баҳисобгирии муҳосибавии дастгоҳи марказии Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт Зуҳрохон Холова дар мусобиқаи Осиё оид ба кикбоксинг дар шаҳри Ченчхоуи Ҷумҳурии Кореяи ҷанубӣ дар вазни 52 кг соҳиби ҷои аввал шуд.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, З. Холова аз соли 2002 то ин ҷониб дар Маркази варзишии таэквандо ва кикбокси шаҳри Душанбе тамрин намуда, аз соли 2006 ёрдамчии мураббӣ ва соли 2008 то ин ҷониб ҳамчун мурабӣ дар риштаи таэквондо-кикбоксинг фаъолият дорад.
Соли 2006 чемпион оид ба кикбоксинг дар сатҳи ҷаҳонӣ, чемпиони чоркаратаи Осиё оид ба таэквондо, Устоди дараҷаи байналмилалӣ оид ба таэквондо ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон гашта, барандаи ҷоизаи биринҷӣ, ғолиби чемпионати ҷаҳонӣ оид ба таэквондо ва кикбоксинг, дорандаи миёнбанди сиёҳ дараҷаи III мебошад.

Сентябрь 21, 2016 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд