Мулоқоти Сарвазири мамлакат бо Директори Гурўҳи молиявӣ дар БАТР

Сентябрь 29, 2016 18:03

Душанбе, 29.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  бо Директори Гурўҳи молиявӣ дар Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) Георгий Орлов мулоқот кард.

Дар мулоқот  вазъ ва дурнамои ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Гуфтугўи муфид  ҷиҳати дастгирии низоми бонкии Тоҷикистон дар шароити буҳрони ҷаҳонии молиявию  иқтисодӣ  сурат гирифта, доир ба идомаи ҳамкории баманфиат дар ин самт таклифу пешниҳодоти судманд баён гардид.

Ҳар ду ҷониб омодагию ҳавасмандии худро барои вусъати тадбирҳои солимгардонии низоми бонкӣ, расонидани  кумакҳои молиявию техникӣ ва афзун намудани сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъкид намуданд.

Сентябрь 29, 2016 18:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад