Нозирони тоҷик озими Маскав мегарданд

Сентябрь 13, 2016 16:51

Душанбе, 13.09.2016/АМИТ «Ховар»/. Нозирони тоҷик ҷараёни баргузории интихоботи Думаи давлатии Маҷлиси федералии  Федератсияи Русияро, ки 18 сентябри соли равон баргузор мегардад,  мушоҳида менамоянд. Дар  робита ба ин 16 сентябр ҳайати нозирони тоҷик, ки ба он раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ    Маҳмадалӣ Ватанзода шомиланд, озими Маскав- пойтахти Русия мегарданд.
Абдуманнон Додозода- роҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки   нозирони тоҷик ҷараёни баргузории интихоботи парлумонии Русияро дар ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мушоҳида менамоянд.
Бояд тазакккур дод, ки Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия палатаи поёнии Парлумони Русия ба шумор рафта, аз 450 вакил иборат мебошад. Вакилони  Думаи давлатии Русия тавассути баргузории интихоботи  Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия ба муҳлати панҷ сол интихоб карда мешаванд.

Сентябрь 13, 2016 16:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад