«Оина беғубор, дарё пок бошад…», «Зимистон дар мекӯбад, оё мо омодаем?» — шарҳи матбуот

Сентябрь 22, 2016 16:15

Душанбе, 22.09.2016 / АМИТ «Ховар»/.  «Ҷумҳурият» нашрияи расмии мамлакат, дар саҳифаи якуми шумораи рӯзи душанбе ба нашррасида (19.09.2016, №187) аз иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ гузориши муфассал пешниҳод намуда, мақолаи танқидии «Зимистон дар мекӯбад, оё мо омодаем?»-ро чоп намудааст. Муаллифи мақолаи мазкур ҳолати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017»-ро мавриди таҳлил қарор додааст. «Туту мавиз акнун аз Язғулом ҳам содирот мешавад», «Истиқлол ва озодии матбуот», «Сомона доштан намехоҳанд, чаро?» — чунинанд сарлавҳаи мақолаҳои дигари нашрия, ки пешкаши мухлисон шудаанд.

Дар шумораи рӯзи сешанбеи (20.09.2016, №188) «Ҷумҳурият» мақолаи Х.Зайниддин бо сарлавҳаи «Рашт дар интизори Пешвои миллат» чоп шудааст. Муаллиф дар мақолаи мазкур дастоварду комёбиҳои бахшҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-мадании ноҳияи Раштро дар давоми як соли охир бо далелу рақамҳо инъикос кардааст.  Ҳамчунин дар ин шумора хабарҳо оид ба иштироки Сарвазири мамлакат Қ.Расулзода дар намоишгоҳи «ЭКСПО Чин-Аврупою Осиё», кушодашавии Маркази фарҳангиву иттилоотии «Ошёни тоҷик», баргузоршавии Симпозиуми 3-юми байналмилалӣ дар Академияи илмҳо ва навигариҳои кишварҳои ҷаҳон чоп шудаанд.

Нашрияи парлумонии «Садои мардум» (20.09.2016, №120) мусоҳиба бо вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Ҳикматуллозодаро чоп кардааст, ки дар он мусоҳиб аз фаро расидани «Айёми ба ҳақиқат табдил додани ормонҳои ҳазорсола», — яъне беҳтар шудани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ-иҷтимоии Тоҷикистон, фароҳам оварда шудани шароити мусоид баҳри рушди бештару беҳтари кишвар нақл кардааст. Мақолаҳои «Муҳтарам Мамадшо Илолов, таъсиси «ВАК»-и миллӣ хавф надорад» ва «Сафсатаҳои Сайидюнуси Истаравшанӣ»  дар саҳифаи 3-и нашрия пешкаши хонандагон шудаанд.

Нашрияи русзабони «Народная газета» аз сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, иштироки Президенти Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии сарони ҳукуматҳои аъзои ИДМ гузоришу хабарҳои муфассал омода намуда, мусоҳибаи сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия И.Сатторовро бо ширкати радио-телевизионии «МИР-24» бознашр кардааст.

Минбари эҷодкорони Тоҷикистон «Адабиёт ва санъат» аз баргузор шудани маҷлиси навбатии Раёсати Иттифоқи нависандагон мақолаи муфассал бо номи «Кам бошаду хуб бошад» чоп кардааст. Дар идомаи ҳамин мавзӯъ мақолаи Низом Қосим «Оина беғубор, дарё пок бошад…» нашр шудааст, ки дар он муаллиф гуфтааст: «Дар бист соли охир Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба парокандалашкари бузурге табдил ёфт, ки сару нугаш гум аст. Вале ба кори мунтазаму босифати адабӣ тақрибан 10-15 дарсади он машғул асту бас…».

Нашрияи «Омӯзгор» бахшида ба рӯзи Рӯдакӣ, ки ҳамасола 22 сентябр таҷлил мегардад, мақолаи олим Мирзо Муллоаҳмадро бо номи «Қасидасарои мумтоз» чоп кардааст. Мақолаҳои «Пиряхҳо то 5000 сол умр доранд», «Ҳар кӣ дар хурдиаш адаб накунад», ки дар шумораи мазкури нашрия дарҷ гардидаанд, аз тарафи омӯзгорону хонандагон хуш пазируфта хоҳанд шуд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» бо номи «Ашки тимсоҳ» мақолаи Абумудассир Аҳмадзодаро чоп кардааст, ки дар зерлавҳа муаллиф суолгузорӣ кардааст: «Чаро ғарб барои ҲНИТ мегиряд?». Воқеан ҳам вақте тамоми ҷаҳон аз муборизаи муташаккилона бар зидди терроризму экстремизм сухан мегӯянд, дастгирӣ кардани сарони ҲНИТ, ки даст ба терроризм заданд, хунрезӣ карданд, кӯшиши содир кардани табаддулотро ҷорӣ карданд, чӣ маънӣ дошта метавонад?

Нашрияи «Минбари халқ» мақолаи «Боғ ҷойи тафреҳу фароғат аст, на ишқварзиву ибодат»- ро чоп кардааст, ки муаллифи он навиштааст: «Шаҳр пур аз масҷид аст, вале намозгузорон ба масҷид нарафта, дар ҷойҳои фарҳангӣ-фароғатӣ намоз мехонанд… агар чунин бошад, пас масҷидҳо ба чӣ кор меоянд?».

Мусоҳибаи хабарнигори нашрия Алӣ Ҷӯра бо раиси ноҳияи Лахш Зоҳирзода Умед «Ҷилваҳои ҳаёт дар як минтақаи кӯҳистон» аз дастоварду муваффақият, ободонӣ ва пешравиҳои ин ноҳияи дурдасти кишвар нақл мекунанд.

 

Сентябрь 22, 2016 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид