Соли 2017 таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад

Сентябрь 15, 2016 10:24

Ваҳдат, 15.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. Бо фармони Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷлили 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ соли 2017 дар шаҳри Ваҳдат баргузор мегардад. Ин ҷашни таърихиро дар Варзишгоҳи марказии замонавӣ, ки барои 25 ҳазор нафар тамошобин бо зиёда аз ҳафт ҳазор метри мураббаъ толорҳои варзишӣ ва иншооти хизматрасонӣ дар айни замон сохта истодаанд, таҷлил менамоянд.
Варзишгоҳи мазкур яке аз калонтарин варзишгоҳҳои мамлакат ба ҳисоб рафта, дар оянда барои баргузор гардидани мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ шароит фароҳам мегардад. Варзишгоҳи марказии шаҳри Ваҳдат аз шаш қисмат иборат буда, ду қисмати онро Дирексияи сохтмонии иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағи 21 миллион сомонӣ бунёд менамояд ва бунёди қисматҳои боқимондаро Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат бо маблағи 32 миллион сомонӣ маблағгузорӣ мекунад.
Дар сохтмони мазкур дар ду баст зиёда аз 500 нафар коргарон бо кори доимӣ фаро гирифта шудаанд. Инчунин рӯзҳои шанбе ва якшанбе аз ҳисоби сокинони шаҳр барои ободонии назди варзишгоҳ ҳашарҳои умумӣ ташкил карда мешаванд.

Сентябрь 15, 2016 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад