Венкай Жанг: «БОР дар панҷ соли оянда соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва рушди шаҳрсозиро дар Тоҷикистон дастгирӣ хоҳад кард»

Сентябрь 22, 2016 16:35

Душанбе, 22.09.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Дар муддати даҳ соли охир ҳамкории Бонки Осиёии Рушд (БОР) бо Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Ба иттилои роҳбарияти Бонки Осиёии Рушд, то охири соли гузашта ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллиард доллари амрикоӣ, дар шакли грант, қарз ва кумаки техникӣ пешниҳод гардидааст».
Ин нуктаро имрӯз ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жанг баъди мулоқот дар Қасри миллат бо Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хабарнигорон иброз намуд.
Ба маълумоти Венкай Жанг, зимни мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкорӣ байни Бонки Осиёии Рушд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, идоракунии захираҳои об ва масъалаҳои тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд. Бонки Осиёии Рушд ният дорад, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мутобиқкунии кишвар ба тағйирёбии иқлим кумак расонад.
«Дар суҳбати пурмуҳтаво бо Ҷаноби олӣ инчунин лоиҳаҳои мушаххаси соҳаҳои нақлиёт ва роҳсозӣ баррасӣ гардиданд. Соҳаи роҳсозӣ барои мо ниҳоят муҳим мебошад, чунки он лоиҳаҳое, ки оид ба роҳ имрӯз дар ҶТ амалӣ карда истодаем, дорои аҳамияти байналмилалӣ мебошанд ва онҳо барои ҳамроҳ шудан ё пайваст намудани ҶТ бо кишварҳои минтақа кумаки калон мерасонанд»,-изҳор дошт Венкай Жанг.
«Дигар масъалае, ки мавриди баррасӣ қарор гирифт, ин соҳаи энергетика мебошад. Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, хусусан дар соҳаи неругоҳҳои барқию обӣ барои мо ниҳоят муҳим аст. Мо як лоиҳаи мушаххасро дар соҳаи энергетика, ки ба НБО «Норак» вобаста аст, баррасӣ намудем. Мо ният дорем, ки дар соҳаи энергетика барои беҳтар намудани идоракунии иттиҳодиявӣ кумаки худро расонем»,- илова намуд ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд.
Венкай Жанг ҳамчунин иттилоъ дод, ки онҳо амалӣ намудани лоиҳаҳо оид ба ҳамкории сохторҳои давлатӣ ва хусусиро низ муҳокима намуданд. Мақсад аз он дар соҳаҳои гуногун бо ҷалби сохторҳои давлатию хусусӣ амалӣ намудани лоиҳаҳо мебошад.
«Ба наздикӣ Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушд «Стратегияи нави шарикии ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро тасдиқ намуд ва дар доираи ин стратегия ният дорем, ки соҳаҳо ва ислоҳоти муҳимро дар ҶТ дастгирӣ намоем. Яке аз соҳаҳое, ки дар доираи стратегия ба он эътибори хосса дода мешавад, ин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар ҶТ мебошад. Дар панҷ соли оянда дар доираи амалисозии стратегияи мазкур мо соҳаҳои нақлиёт, энергетика ва инчунин рушди шаҳрсозиро дастгирӣ хоҳем кард.
Масъалаҳои ислоҳот имрӯз барои мо яке аз масъалаҳои муҳим аст, хусусан барои ҶТ ислоҳоти сохторӣ имрӯз масъалаи мубрами рӯз мебошад. Бонки Осиёии Рушд дар оянда низ дастгирии худро ҷиҳати амалисозии ислоҳот давом медиҳад. Мо хусусан дар доираи барномаи ояндаи худ ва масъалаи беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ эътибори хосса хоҳем дод, то ин ки ҶТ тавонад аз ҳисоби сохторҳои хусусӣ сармоя ва сармоягузорони бештарро ҷалб намояд».
Дар фарҷом ноиби Президенти Бонки Осиёии Рушд Венкай Жанг иброз намуд, ки баъзе масоиле, ки шарикони асосии тиҷоратии ҶТ бо он рӯ ба рӯ шуда истодаанд, имрӯз барои ҶТ баъзе мушкилиҳо эҷод карда истодаанд ва онҳо барои ҳарчӣ бештар ҷалб намудани маблағҳо бобати бартараф кардани онҳо дар солҳои оянда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.

Сентябрь 22, 2016 16:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон чӣ қадар боғҳои нав бунёд гардиданд?
Дар шаҳри Норак ҳашари экологии «Тозагии обанбор» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Фридрих Мерс барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Иҷлосияи дуюми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Дар Хатлон вобаста ба амалиёти пешгирикунандаи «Маданияти шаҳрдорӣ» ҷаласа баргузор гардид
Оид ба тайёр намудани мутахассисони касбӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ машварати илмӣ баргузор гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ супорида шуд
Дар Норак бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо сарбозон вохӯрӣ доир шуд
Маҳмадсолеҳ Қосимов: «Ҳар қадаре заминро оқилонаю самаранок истифода барем, ҳамон қадар баракаташро мебинем»
Вакили Маҷлиси намояндагон иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонро дар шаҳри Ҳисор аёдат намуд
Дар Хуҷанд байни духтарон мусобиқаи дӯстонаи футбол баргузор гардид