9 ноябр дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Туркманистон қувва меозмоянд

Октябрь 11, 2016 16:58

Душанбе, 11.10.2016./АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба сабқатҳои интихобии Ҷоми Осиё -2019 дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли равон ду вохӯрии байналмилалии рафиқонаро баргузор мекунад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.
Дастаи мунтахаби миллии кишвар оид ба футбол бо дастаҳои футболи мунтахаби Туркманистон ва Афғонистон вориди рақобат мешавад. Баргузории ҳар ду вохӯрӣ мутобиқ ба нақша дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дар назараст.
Ба ҳамин тартиб, 9 ноябри соли равон дастаҳои мунтахаби миллии Тоҷикистон ва Туркманистон қувва меозмоянд. Баъдан 13 ноябр бозингарони тоҷик бо ҳамтоёни худ аз Афғонистон вориди рақобат мешаванд.

Октябрь 11, 2016 16:58

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд