«Чанд метри мукааб ишқ» Шоҳҷоизаи «Дидор»-ро ба Афғонистон бурд

Октябрь 21, 2016 09:25

Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Аз байни 22 филми баланди достонӣ доварони байналмилалӣ филми коргардони Афғонистон Ҷамшед Маҳмудӣ «Чанд метри мукааб ишқ»-ро сазовор ба Шоҳҷоизаи кинофестивали байналмилалии «Дидор» эълон карданд.
Маросими супоридани Шоҳҷоиза ва анҷоми расмии Кинофестивали VII байналмилалии «Дидор» шоми дирӯз дар Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.
Дар кинофестивали байналмилалии «Дидор», ки аз 16 то 20 октябри соли равон дар пойтахти мамлакат баргузор гардид, 80 филм намоиш дода шуд. Давоми 5 рӯз дар толорҳои хурд ва бузурги кинотеатри «Зебуниссо» аз соати 10-и субҳ то соати 20-и шом намоиши ройгони филмҳои мазмунан пурмуҳтаво ва ҳаҷман гуногун ба роҳ монда шуд. Дар ин муддат зиёда аз 7 ҳазор тамошобин аз филмҳои кинофестивали «Дидор» баҳра бурданд.
Доварони байналмилалӣ дар ҳайати Низом Қосим аз Тоҷикистон, Латика Падгаонкар аз Ҳиндустон ва Ризо Киёниён аз Ҷумҳурии исломии Эрон филми коргардони Афғонистон Ҷамшед Маҳмудӣ «Чанд мукааб ишқ»-ро ғолиб ва сазовор ба Шоҳҷоизаи кинофестивали «Дидор» эълон карданд. Дар як гӯшаи канораи Теҳрон дар корхонаи коркарди партовҳо афғонҳои гуреза, бо аҳли оилаашон дар контейнерҳо ва кулбаҳои фарсуда зиндагӣ мекунанд. Собир як ҷавони эронӣ бо Маруна, духтари коргари афғонистонӣ Абдусалом пинҳонӣ дидорбинӣ мекунанд. Достони ишқи онҳо чунон печутоб меёбад, ки анҷомашро касе то лаҳзаи охири филм пешгӯӣ карда наметавонад — чунин аст мундариҷаи филми «Чанд метри мукааб ишқ».
Бояд гуфт, дар баробари Шоҳҷоиза ҳамчунин ба иштирокдорони кинофестивали байналмилалии «Дидор» ҷоизаҳои дигар низ тақдим карда шуданд. Ҳамин тавр, Ҷоизаи «Мунаққидони кинои тоҷик» ба филми «Қарзи падар» аз Қирғизистон (муаллифони филм Дастан Жапарн-улу ва Бақит Муқул) бинобар муҳим будани мавзӯи он- эътирофи арзишҳои башарӣ сазовор дониста шуд.
Ҷоизаи «Ҷавонӣ талош ба сӯи ташаккулёбӣ» ба филми Қасида Гулмаконӣ (аз Ҷумҳурии исломии Эрон) бо номи «Муроқибат аз ҷунос» дода шуд.
Ҷоизаи «Беҳтарин филми тоҷикӣ» ба филми «Мушкилкушо»-и Умедшо Мирзоширинов тақдим гардид. Бояд зикр кард, ки У.Мирзоширинов ҳанӯз дар нахустин кинофестивали байналмилалии «Дидор», ки соли 2004 баргузор шуда буд, бо филми маъруфи «Муҷассамаи ишқ» ғолиби озмун шуда буд.
Ҷоизаи байналмилалии кинофестивали «Дидор» ба филми «Ҷашни бузург»-и коргардони шинохтаи Арманистон Рубен Геворгянс лоиқ дониста шуд. Филми мазкур аз оқибатҳои ҷанг, тақдири ду писарбачаи дар майдони ҷанг танҳо монда- яке арманӣ ва дигаре озарбойҷонӣ нақл мекунад.
Шоҳҷоизаи беҳтарин филми кӯтоҳмуддат ба филми коргардон Николай Котяш (аз Федератсияи Русия) бо номи «Ҳар яке» тақдим карда шуд. Филмҳои Николай Котяш бештар ҷанбаи равонӣ-фалсафӣ доранд. Ӯ муаллифи филмҳои кӯтоҳи «Хонаи аз даст рафта» ва «Беҳтарин ходим» мебошад. Зимни тақдими Шоҳҷоиза барои беҳтарин филми кӯтоҳмуддат меҳмони кинофестивали байналмилалии «Дидор», раиси Иттифоқи синамогарони Арманистон Р. Геворгянс гуфт: «Ман дар 70 кишвари ҷаҳон, дар даҳҳо кинофестивалҳои байналмилалӣ будам. Одатан одамон нисбат ба кишваре, ки дар он ҷо қарор доранд, суханони неку хуб мегӯянд, вале ман сидқан, аз самими дил изҳор мекунам, ки кишвари шумо- Тоҷикистон хеле зебо ва мардумонаш накӯ ҳастанд. Ман мехоҳам, ки дубора ба Тоҷикистон баргардам».

Октябрь 21, 2016 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ «ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ба либоси миллӣ – мероси аҷдодонамон арҷ мегузорем
Дар Хуҷанд масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ баррасӣ гардид
«ДИРӮЗ, ИМРӮЗ ВА ФАРДОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИК». Таҳти чунин унвон дар Душанбе конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Роҳнамои беҳтарин» баргузор мешавад
Дар Давҳа намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид
Дар Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Таҳти унвони «Робиаи Балхӣ — нахустбонуи соҳибдевони адабиёти тоҷику форс» конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
«ҶАВОНОН — ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиши асарҳои рассомони ҷавон оғоз шуд
ПАЁМЕ, КИ НАВИДИ ПИРӮЗИҲОСТ. Иҷрои дастурҳои он роҳнамои миллати тоҷик барои фатҳи қуллаҳои нави армонҳои миллӣ аст
Донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» соҳиби се Шоҳҷоиза шуданд
Чойхонаи тоҷикии «Шоми Ваҳдат» фарҳанги миллати тоҷикро дар шаҳри Краснодар муаррифӣ менамояд