Дар нуқтаҳои телефонфурӯшии Тоҷикистон iPhone 7 ва iPhone 7+ ба фурӯш бароварда шуданд
Душанбе, 06.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Моҳе қабл яке аз ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандаи технологияи муосир дар сатҳи ҷаҳонӣ- «Apple» модели охирини iPhone-и худро пешниҳод намуд. Аниқтараш 7 сентябр дар Сан-Франсиско роҳбари ин ширкат Тим Кук дар намоишгоҳи ҳамасола тағйирот ба модели навро муаррифӣ намуд.
Ба иттилои роҳбари ин ширкат, дар модели охирини iPhone объектив (қисми асбоби оптикӣ)-и нав барои камераҳои рақамӣ замима шуда, лонаҳо (сӯрохиҳо) барои гӯшандозҳо хориҷ карда шудааанд. Баъд аз хориҷ шудани лонаҳо барои гӯшандозҳо iPhone 7 ва iPhone 7+ намногузар ва чангногузар шуда, корбарон онро аз тариқи гӯшандозҳои бидуни сим метавонанд гӯш кунанд ё суҳбат кунанд. Объективҳои нави камера ҳамчунин ба наворбардории теле-фото низ имкон медиҳанд.
Акнун дар нуқтаҳои телефонфурӯшии Тоҷикистон ҳам iPhone 7 ва iPhone 7+ ба фурӯш бароварда шуданд. Тоҷирони Фурӯшгоҳи марказӣ ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуданд, ки арзиши ин модел аз 8 то 11 ҳазор сомониро ташкил дода, бартарии он обногузар, дорои хотираи калон (256 гигабайт) ва сифати баланди аксгирӣ (12 мегапиксел) будани он аст.
Талабшо Муъминов, яке аз харидорони iPhone 7+ мегӯяд, ки ба телефонҳои истеҳсоли ширкати Apple таваҷҷуҳи зиёд дорад ва ҳамеша аз паи ба даст овардани моделҳои нави он мебошад. Ба андешаи Т. Муъминов, вазифаҳое, ки ин телефон иҷро мекунад, талаботи ӯро қонеъ мегардонанд ва ӯ телефонҳои дигар ширкатҳоро намеписандад.
Тавре аз суҳбат бо тоҷирон маълум гардид, шумораи тамошобинони ин намуд телефонҳо аз харидоронаш зиёд аст. Дар айни замон iPhone 7 ва iPhone 7+ танҳо бо фармоиши пешакӣ оварда мешаванд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






