Дастаи «Истиқлол» ба дарёфти панҷумин унвони чемпионӣ наздиктар шуд
Душанбе, 14.10.2016. /АМИТ«Ховар»/. 15 октябр дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бозии навбатии дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Регар-ТадАЗ»-и шаҳри Турсунзода баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии мавқуфгузоштаи даври 18-уми мусобиқаи Лигаи олии футболи мамлакат дастаи «Истиқлол»-и Душанбе тими «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо ҳисоби калони 8 бар 2 мағлуб кард.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», дар вохӯрӣ бозингар ва ҳамлагари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов ба дарвозаи ҳариф 5 тӯб зада, шумораи голҳояшро дар мавсими имсолаи чемпионат ба 20 адад расонид.
Акнун барои бори панҷум ноил гардидан ба унвони чемпиони мавсими имсолаи Лигаи олии футболи мамлакат ба дастаи «Истиқлол» гирифтани 4 имтиёз дар 3 бозии боқимонда кофист.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






