Имрӯз бозиҳои ҷавобии нимниҳоӣ барои Ҷоми Тоҷикистон барпо мешаванд

Октябрь 26, 2016 09:46

Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе бо «Равшан»-и Кӯлоб» ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо «Ҳосилот»-и Фархор имрӯз дар доираи бозиҳои ҷавобии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ва Хуҷанд бо ҳам бозӣ мекунанд. Дар рақобатҳои аввали ин дастаҳо дар ҷуфти аввал «Истиқлол» (4:0) ва дар ҷуфти дуюм «Ҳосилот» (4:2) ба ғалаба ноил шуда буданд.
Дар бозиҳои ҷавобӣ интизор меравад, ки соҳибони майдон барои ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтан тамоми имконоти худро истифода баранд. Тавре сомонаи ФФТ иттилоъ медиҳад, довари майдон дар вохӯрии «Истиқлол» ва «Равшан» Сайёдҷон Зайниддинов ва дар бозии «Хуҷанд» бо «Ҳосилот» Хусрави Сиддиқзод таъйин шудаанд.
Бозиҳои ҷавобии нимниҳоии Ҷоми Тоҷикистон соати 14:00 оғоз меёбанд.

Октябрь 26, 2016 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад