Имрӯз-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемории илтиҳоби буғумҳо: як сабаби ин намуди беморӣ пурхӯрист!

Октябрь 12, 2016 15:47

Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо бемориҳои илтиҳоби буғумҳо ҳамасола 12 октябр ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз аз соли 1996 бо ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ба роҳ монда шудааст. Мақсади асосии ин рӯз ҷалби диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба бемориҳои тарбод, муттаҳид намудани кӯшишҳои табибон, беморон ва аҳолӣ дар масъалаи пешгирӣ, ташхис ва табобати ин беморӣ мебошад.
nasiba

Тавре ки духтури тарбодшинос, номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ Насиба Ахунова иброз намуд, артрит чанд намуд мешавад.
«Масалан, артрити тарбодмонанд ва реактивӣ дар Тоҷикистон зиёд мушоҳида мешавад. Артриди тарбодмонанд бемории бофтаҳои пайвандист, ки бо осеби буғумҳои хурд падид меоянд. Дар натиҷаи ин беморӣ каҷшавии буғумҳо ба назар мерасад. Аз ҳамаи бемориҳои тарбодӣ 10 фоизро артрити тарбодӣ ташкил медиҳад. Фарқи артрити реактивӣ аз тарбодӣ дар он аст, ки дар ин беморӣ бештар буғумҳои калон, зону, банди по осеб меёбанд. Ба ин беморӣ бештар мардони аз 25 то 35 — сола гирифтор мешаванд. Омилҳои ин беморӣ вирусҳои зуком, сурхча, хунукхӯрии аз ҳад зиёд мебошанд»,-илова намуд Насиба Ахунова.
Ба гуфтаи табиб, сабаби ин беморӣ тонзиллит ва бемориҳои урогенӣ мебошанд. Ҳангоми табобат накардани ин бемориҳо он ба артрити реактивӣ оварда мерасонад.
purhuri-3«Артрити тарбодмонанд чанд марҳилаи табобат дорад. Имрӯзҳо бештари беморон ҳангоми дарди буғумҳо аз малҳам ва доруҳое, ки аз тариқи телевизион намоиш дода мешаванд ва ё дар дорухона тавсия медиҳанд, истифода мебаранд. Ҳангоми илтиҳоби буғум ҳатман бояд ба духтур муроҷиат кард. Маводи нистироиди ғайриилтиҳобӣ гуногун буда, барои ҳар бемор ҳар гуна таъсир мерасонанд»,- бо таассуф баён намуд тарбодшинос.
Ба андешаи мутахассис дар панҷ соли охир навъи остеоартроз хеле зиёд ба назар мерасад. Бештар бемор аз дарди бандҳои пой, зонуҳо, косу ронҳо, ангушти якуми пой шикоят мекунад.
«Ин дардҳо хосияти механикӣ дошта, ҳангоми ором будан дард ҳис карда намешавад ва танҳо ҳангоми ҳаракат дард авҷ мегирад. Солҳои охир ба ин беморӣ занони аз 40 -сола боло дучор мешаванд. Зиқшавӣ, истеъмоли нодурусти хӯрок, пурхӯрӣ, истеъмоли хӯрокҳои равғанӣ, гӯштӣ ба бемории ниқрис (подагра ), ки як нави артрит аст, оварда мерасонад. Ин беморӣ низ байни мардони аз 30- сола боло ба қайд гирифта мешаванд. Дар ин беморӣ дардҳо хусусияти даврзанӣ доранд»,-зикр намуд Насиба Ахунова.
purhuri-4Ҳангоми дарди буғумҳо бемор бояд ҳатман ба духтур муроҷиат кунад. Бояд танҳо дору ва малҳамҳои тавсияшударо истеъмол кунанд. Агар бемор бе таъйиноти духтур маводҳои дорувориро истеъмол кунад, он ба меъда метавонад таъсир расонад. Барои ҳамин духтурони ботарҷриба ҳангоми таъйини чунин доруҳо боз доруҳои ба меъда таъсиркунандаро якҷоя тавсия медиҳанд.
Бино ба гуфтаи Муллозуҳур Тоҳирӣ, дар Тоҷикистон осоишгоҳҳои зиёде ҳастанд, ки дар он ҷо бемориҳои артрит муолиҷа мешаванд.
«Яке аз беҳтарин осоишгоҳ барои табобати ин навъи беморӣ — ин Хоҷа Обигарм мебошад. Дар он ҷо ба беморон чанд намуди буғу обҳо тавсия дода мешавад. Дар ноҳияи Айнӣ осоишгоҳи ман низ фаъол мебошад, ки бештари беморони буғумдард барои муолиҷа ба он ҷо меоянд»,-зикр намуд Муллозуҳур Тоҳирӣ.

Л.Қосимова

 

Октябрь 12, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад