«Истиқлол»- чемпиони панҷкаратаи Тоҷикистон гардид

Октябрь 31, 2016 14:57

Душанбе, 31.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе як давр пеш аз анҷоми бозиҳои Лигаи олии Чемпионати мамлакат дар вохӯрии мавқуфгузоштааш бо дастаи «Барқчӣ» қувва озмуда, бо натиҷаи 5:1 ғолиб омад ва бори панҷум унвони чемпиони Тоҷикистонро соҳиб гардид.

Дар ин вохӯрӣ бозингари ҷавони дастаи «Истиқлол»  Ҷаҳонгир Алиев, узви дастаи мнутахаби Тоҷикистон ду маротиба дарвозабони дастаи «Барқчӣ» Беҳрӯз Хайриевро маҷбур кард, ки тӯбро аз дарвозаи дастааш гирад.  Голҳои задаи Манучеҳр Ҷалилов (23), Фатҳулло Фатҳуллоев (92) ва Дилшод Восиев (94)  ва як голи Нуриддин Ҳамроқулов(80) аз дастаи «Барқчӣ» дар Варзишгоҳи марказӣ тамошобинонро  ба ваҷд оварданд.

Ба ҳамин тартиб, «Истиқлол»-и Душанбе се мавсим пай дар пай унвони чемпиониро ба даст овард. Аз ин пештар ин даста дар солҳои 2010, 2011, 2014 ва 2015 ба ин дастовард муваффақ гашта буд.

 

Октябрь 31, 2016 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад