«Истиқлол» ва «Ҳосилот» дар бозии ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рақобат мекунанд

Октябрь 27, 2016 09:19

Душанбе, 27.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Ҳосилот»-и Фархор аз натиҷаи ду вохӯрии нимниҳоӣ ба бозии финалии Ҷоми Тоҷикистон, ки 5 ноябр баргузор мешавад, роҳхат гирифтанд. Дар бозии ҷавобии шоми дирӯз «Ҳосилот» дар шаҳри Хуҷанд соҳибони майдон- дастаи «Хуҷанд»-ро бо ҳисоби 1:2 мағлуб кард. Вохӯрии аввали ин дастаҳо дар Фархор низ бо ғалабаи «Ҳосилот» бо ҳисоби 4:2 ҷамъбаст шуда буд.
Дар бозии ҷуфти дуюми нимниҳоӣ «Равшан»-и Кӯлоб «Истиқлол»-ро дар майдонаш қабул карда, натиҷаи мусовиро (0:0) ба даст овард ва аз рӯи натиҷаи бозии аввал (4:0) «Истиқлол» ҳуқуқ пайдо кард, ки дар бозии ниҳоӣ ширкат варзад.
Ба ҳамин тартиб, бори аввал дастаҳои «Истиқлол» ва «Ҳосилот» дар финали Ҷоми Тоҷикистон бо ҳам қувва месанҷанд.

Октябрь 27, 2016 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд