Луис Суарес соҳиби «Кафши тилло»-и Лигаи кишварҳои Аврупо гардид
Душанбе, 21.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ҳуҷумкунандаи клуби футболи «Барселона»-и Испания Луис Суарес соҳиби ҷоизаи беҳтарин нишонзани лигаҳои Аврупо дар мавсими соли 2015-2016 гардид. Маросими супоридани ҷоиза дар шаҳри Каталония сурат гирифт.
Луис Суареси уругваӣ дар 35 бозии Ла Лигаи Испания ба дарвозаи ҳарифон 40 тӯб зада, аз Гансало Игуаин аз КФ «Наполӣ» (36) ва Криштиано Роналдо аз «Реал» (35) пеш гузашт. Барои ин ҳамлагари мумтоз ин дуввумин ҷоиза дар ду соли охир мебошад. Дар мавсими футболи соли 2013-2014 Луис дар ҳайати дастаи «Ливерпул»-и Англия ғолиби ин ҷоиза гардида буд.
Дар ҷараёни ҷоизасупорӣ Суарес зикр кардааст, ки ин ҷоиза самараи меҳнати якҷояи даста аст ва ӯ дар клуби беҳтарини футболи ҷаҳон бо ҳамроҳии беҳтарин бозингарон ҳунарнамоӣ мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд






