Нашри китоби «Дилшод Назаров-қаҳрамони олимпӣ»

Октябрь 12, 2016 09:33

Душанбе, 12.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Китобе бо номи «Дилшод Назаров-қаҳрамони олимпӣ» ба ду забон тоҷикӣ ва русӣ — дар нашриёти «Андалеб»-и Душанбе аз чоп баромад.
Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов, ки муаллифи китоб аст, мегӯяд: «Дар китоби мазкур дар бораи дастоварди бузурги гурзандози машҳури тоҷик Дилшод Назаров дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия нақл карда мешавад. Дилшод гурзро ба масофаи 78,68 метр ҳаво дода, ба унвони қаҳрамони олимпӣ мушарраф гашт». Зимнан, ин бори нахустин аст, ки дар даврони истиқлолият як варзишгари тоҷик дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон сазовори медали тиллои Бозиҳои олимпӣ гардидааст.
Инчунин дар ин китоб хонанда роҷеъ ба натиҷаҳои нишондодаи дастаи мунтахаби кишвар дар Олимпиадаи Рио-2016 маълумот пайдо мекунад.
Ба иттилои дабири кулли Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ва муҳаррири масъули ин китоб Баҳрулло Раҷабалиев, дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Олимпиадаи Рио-2016 бо шумули ҳафт варзишгар ширкат дошт, мусобиқотро бо як медали тилло ба анҷом расонд ва дар байни 206 кишвар дар ҷойи 54-ум қарор гирифт. Ин натиҷа нисбат ба Олимпиадаи Лондон дар соли 2012-ум 25 зина болост.
Китоби мазкур, ки онро Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи журналистони соҳаи варзиши кишвар ба табъ расондааст, ҳамчун манбаи иттилоотӣ барои доираи фарохи хонандагон, аз ҷумла, ҷавонон, донишҷӯёну устодон, кормандону хабарнигорони соҳа, муаррихону муҳаққиқон ва алоқамандони варзиш пешбинӣ шудааст.
Нарзулло Латифов китоби нави худ «Дилшод Назаров-қаҳрамони олимпӣ»-ро ба ширкаткунандагони ҳамоиши роҳбарони кумитаҳои миллии олимпии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Балтика ва Гурҷистон, ки рӯзҳои 6-7 октябр дар шаҳри Сочии Русия баргузор шуд, тақдим намуд.

Октябрь 12, 2016 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд