Омодагии муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара ба давраи зимистон қаноатбахш аст
Данғара, 01.09.2016. /АМИТ«Ховар»/. Ба иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара, омодагии муассисаҳои таълимии ноҳия барои зимистонгузаронӣ то ин муддат 95 фоизро ташкил медиҳад. Дар анборҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 17 ва 55 миқдори зарурии ангишту ҳезум ва дигар намуди маводи сӯхт захира карда шудааст. Дигар муассисаҳои таълимии Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара низ ба мавсими тирамоҳу зимистон омода карда шудаанд. Дар муассисахои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 ва 12 ангишту ҳезум ва дигар маводи сӯхт захира карда шуда, барои иловатан захира намудани сӯзишворӣ ассотсиатсияи волидайнро низ ҷалб кардаанд. Инчунин барои ҳар як синфхона ва утоқҳои фаннӣ печҳои барқӣ харид гардидаанд.








СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






