Пешвои миллат: «Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат»
Душанбе, 5.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми телевизионии худ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ забонро муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар як миллат дониста, иброз доштанд, ки саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад.
«Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад»,- гуфтанд Сарвари кишвар ва илова намуданд, ки: «Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад».








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар






