Таҷрибаи тиҷоратӣ аз ҷониби соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон
Душанбе, 26.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябри соли равон дар Душанбе Форуми соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон доир мешавад. Ин нукта дар мулоқоти масъулини Клуби соҳибкорони ҷавони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо донишҷўён дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардид.
Дар мулоқот директори тиҷоратии Клуби соҳибкорони ҷавон Далер Ғуфронов, менеҷерони клуб Далер Иброҳимов ва Исмоил Умаров сухан гуфтанд.
Зикр шуд, ки дар Форуми нахустини соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон муваффақтарин соҳибкорони ҷавони Тоҷикистон аз таҷрибаи худ ба ҷавонон нақл мекунанд. Инҳо Акобир Ахмедов, муассиси «Four Stay» ва «A-FPartners», Азим Ҳакимов, муассиси гурӯҳи ширкатҳои ҶСП «Авас Групп», Вера Кулаков, директори генералии ТРК «Ватан», Манучеҳр Қурбоналӣ, ҳаммуассиси ширкати «Zentist» ва Дилшод Ҷўраев, муассиси гурӯҳи ширкатҳои «55 GROUP» мебошанд, ки дар кўтоҳтарин муҳлат дар ҷодаи соҳибкорӣ ба муваффақият ноил гардидаанд.
Дар ин бора аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад






