Тоҷикистон ва Аморот муборизаро бо ҷиноятҳои муташаккил дар 16 самт тақвият мебахшанд
Душанбе, 20.10.2016/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб /АМА/ ҳамкориро дар бахши амният ва мубориза бар зидди терроризм дар 16 самт тақвият мебахшанд. Далели ин аз сӯи вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба тасвиб расидани Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Амороти Муттаҳидаи Араб оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бар зидди терроризм мебошад.
«Созишномаи мазкур пойгоҳи устувор ҷиҳати таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистону Аморот дар бахши мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан терроризм гардида, он дар рушди равобити ду кишвар дар тамоми самтҳои мубориза ва ҷиноятҳои муташаккил нақши муассир мегузорад»,- мегӯяд Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ. Аламшозода афзуд, ки санади мазкур аз 15 модда иборат буда, моҳи марти соли 2016 дар Дубай ба имзо расонида шуда, масоили марбут ба пешгирӣ ва ошкоркунии ҷиноятҳо, инчунин табодули иттилоотро дар ин самт ба танзим медарорад.
Мавриди зикр аст, ки дастгирии ҳамаҷонибаи рушди ҳамкории ду кишвар дар самти пешигирӣ, ошкоркунӣ ва бартараф намудани як қатор ҷиноятҳо, таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҳадафҳои асосии ин санад аст.
Дар Созишнома 14 гурӯҳи ҷиноятҳо муқаррар гардида, зарурати ҳамкории мақомоти марбутаи ду кишвар ҷиҳати пешгирӣ, ошкоркунӣ ва бартарафнамоии онҳо аз рӯи 16 самти ҳамкорӣ ба роҳ монда мешавад. Табодули иттилоот барои ошкор ва бартараф намудани ҷиноятҳо ва тавассути пешниҳоди дархостҳои тарафҳо аз самтҳои асосии ҳамкории Тоҷикистон ва Аморот дар бахши амният ва мубориза бар зидди терроризм аст.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






