Ёвон: сафи ихтиёриён барои хизмат дар артиши Тоҷикистон меафзояд
Ёвон, 07.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ёвон то имрӯз 51 нафар ҷавони ихтиёрӣ ба хизмат омадаро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар намуд.
Ҳамчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва комиссариати ҳарбӣ 60 нафар ҷавон дар ташкилоти ҷамъиятии «Мададгор»-и ноҳия курси ронандагиро хонда, 20 октябри соли равон пас аз гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ихтиёран барои адои хизмати ватан ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ мераванд. То имрӯз дар ноҳия иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба 70 фоиз мерасад.