Абдул Рауф Иброҳимӣ: «Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Тоҷикистон розӣ аст»
Душанбе, 24.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Раиси Маҷлиси намояндагони мамлакат Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо раиси парлумони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ бо дархости номбурда мулоқот намуд. Дар ҷараёни мулоқот ба масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Душанбе ва Кобул таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуд.
Ш.Зуҳуров густариши ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Афғонистонро барои таҳкими равобити дигар соҳаҳо муҳим хонда, изҳор дошт, ки равобити ҳарду кишвари дӯст ва ҳамзабонро метавон дар асоси ҳамкории байнипарлумонӣ тақвият бахшид.
Бояд гуфт, байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ фаъол ҳастанд, ки ҳадаф аз фаъолияти онҳо фароҳам овардани шароити муносиб барои рушди равобити байнипарлумонии ду кишвари ҳамсарҳад мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар кишвари дӯст ва ҳамсояи Афғонистон аст, зеро мавҷуд будани оромӣ ва субот дар кишвари ҳамсоя барои тақвияти сулҳ ва якпорчагии дигар ҷумҳуриҳои ҳамҷавор мусоидат мекунад. Оромии Афғонистон ин пеш аз ҳама, оромии минтақа аст. Ҳамин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ суханронӣ намуда, ҳалли қазияи Афғонистонро бо роҳи сулҳ ва беҳдошти вазъи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон пешниҳод намудааст.
Раиси Луи Ҷиргаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдул Рауф Иброҳимӣ хостгори густариши муносиботи парлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд. Ӯ таъкид кард, ки истифода аз таҷрибаи қонунофарии парлумони Тоҷикистон барои такмили фазои қонунгузорӣ дар Афғонистон мусоидат хоҳад кард.
Раиси парлумони Давлати Исломии Афғонистон аз дастгирӣ ва пуштибониҳои пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мавқеъ ва вазъияти Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки «мо аз дӯстони тоҷик, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бисёр розӣ ҳастем. Ин кишвари дӯст ҳамеша барои таъмини амнияту субот дар кишвари мо ва барқарории харобиҳои баъдиҷангӣ бо пешниҳодҳои ҷолиб аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ содиқона даъват менамояд».
Дар мулоқот ҳамчунин дар бораи ҳамкории гуногунсоҳа, аз ҷумла равобити иқтисодӣ, иҷтимоӣ, энергетика, роҳу нақлиёт, фарҳанг ва муносиботи зичи минтақаҳои наздисарҳадӣ изҳори назар карда шуд.








Комрон Кенҷаев: «Мо шабакаро дар тамоми ҳудуди Хатлон бунёд карда, муосир мегардонем»
Доир ба нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар таъмини пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум конференсия баргузор шуд
IRS: Ҳаракати тамоми нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе- Чанок таъмин аст
Ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар Файзобод конференсияи илмӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Дар шаҳри Кӯлоб оид ба пешгирии истифодаи ғайриқонунии неруи барқ вохӯрӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг баргузор мегардад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Себистони шаҳри Ҳисор мактаби нав бунёд мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Таҳти раёсати Тоҷикистон ҷаласаи 108-уми Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст






