Айкидои Тоҷикистон 20-сола шуд!

Ноябрь 21, 2016 16:42

Душанбе, 21.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр дар варзишгоҳи «Тоҷварз»-и шаҳри Душанбе Федератсияи айкидои ҶТ 20- солагии ин намуди варзиши дифоиро ҷашн гирифт.
Дар ҳамоиши варзишӣ аввалин раиси Федератсияи айкидо Абдумумин Давлатов бо намояндаи сафорати Ҷопон Ишии Киёше ва намояндаи сафорати Федератсияи Русия Наталия Капула иштирок карда, ба варзишгарони айкидои тоҷик бурдборӣ хостанд. Инчунин дар ҷашн баробари намоиши тамоми дастовардҳои варзишгарони айкидо, варзишгарони навъи спорти ушу, ҷеткундо ва таэквондо ҳунарнамоӣ карда, қудрату тавоноии ҷавонони тоҷик ва майлу шавқи онҳоро ба ин навъи варзиш инъикос намуданд.
«Федератсияи айкидо соли 1996 аз ҷониби устоди ин навъи варзиш Абдумумин Давлатов расман таъсис ёфта ӯ то соли 2007 роҳбарии онро ба уҳда дошт. А. Давлатов барои рушди ин навъи варзиш ва тайёр кардани кадрҳои болаёқат дар кишвар тамоми кӯшиши худро ба харҷ медод. Самараи заҳматҳои ҳамин устод буд, ки Федератсия имрӯз 20-солагии худро ҷашн гирифт.
Аз соли 2007 то 2011 роҳбарии Федератсия бар дӯши устод Муҳаббат Бегматов гузошта шуд. Баъдан аз соли 2011 инҷониб роҳбарии Федератсияро устод Абдулазиз Шарипов ба зимма дорад. Ҳамчунин зери сарпарастии ӯ Федератсияи иайдзтсу ва айкидои муҳорибавӣ дар ҷумҳурӣ фаъолият дорад»,-зикр шуд дар ҳамоиш.
Ҷои ёдоварист, ки бо сарварии Абдулазиз Шарипов клубу филиалҳои Федератсия дар чанд манотиқи кишвар ташкил шуданд, ки ба ҷавонону наврасон ва калонсолон ин навъи варзиш ва ҳифзи ватанро меомӯзонанд.

Ноябрь 21, 2016 16:42

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд