Алӣ Рифат Коксал: «Ширкатҳои туркӣ тӯли 6 соли охир зиёда аз 150 млн доллар ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ кардаанд»
Душанбе, 22.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. «Ширкатҳои туркӣ тӯли 6 соли охир зиёда аз 150 млн доллар ба иқтисодиёти Тоҷикистон сармоягузорӣ намудаанд»,-иброз дошт имрӯз дар нишасти хабарӣ пас аз супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Коксал.
Ба гуфти Алӣ Рифат Коксал, дар соли 2015 ширкатҳои туркӣ зиёда аз 50 млн доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кардаанд. Дар робита ба ин ширкатҳои сохтмонии Туркия дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 600 млн доллар лоиҳаҳоро амалӣ намудаанд.
«Имрӯз Туркия яке аз ҷойҳои аввалро дар содироти молҳои Тоҷикистон ишғол намудааст. Гардиши молӣ байни Туркия ва Тоҷикистон 200 млн долларро ташкил медиҳад. Дар байни давлатҳои дунё Туркия дар гардиши савдо бо Тоҷикистон дар мақоми чорум меистад»,- гуфт Сафири Туркия.
«Албатта, мо бо ин нишондиҳандаҳо қаноатманд нестем, зеро ҳоло иқтидори мавҷудаи истифоданашуда бузург мебошад», — таъкид намуд Сафири Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алӣ Рифат Коксал.
Инчунин пас аз супоридани эътимоднома ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сафири Фавқулода ва Мухтори Мамлакати Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Муҳаммад ал-Бодӣ, Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Маҷибул Раҳман Буиян, Ҷумҳурии Юнон Андреас Фриганас дар ҳузури хабарнигорон андешаҳояшонро иброз дошта, аз таъйин шуданашон ба ҳайси Сафир дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карданд. Ин сафирон омадагии худро барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои кишварҳояшон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд.











Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид






