Чаро «Истиқлол» дар Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат намекунад?

Ноябрь 23, 2016 09:36

Душанбе, 23.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Саволи «Чаро чемпиони Тоҷикистон-дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат намеварзад?» мавзӯи пурбаҳсеро дар миёни мухлисони футболи Тоҷикистон бар ҷой гузоштааст. Аз ин рӯ АМИТ «Ховар» барои ба ин савол ҷавоб гирифтан ба Директори Лигаи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов муроҷиат кард.
«Сабаби асосии иштирок накардани КФ «Истиқлол» дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Осиё он аст, ки «Истиқлол» барои дар ин мусобиқаи бонуфуз иштирок кардан то 1 августи соли равон бояд аз комиссияи литсензионии КФО мегузашт, аммо таъхир дар ин масъала сабаби он гардид, ки «Истиқлол» имсол низ дар бозиҳои Ҷоми КФО иштирок мекунад», -шарҳ дод Алишер Урунов.
Аз рӯи раддабандии КФО натиҷаи ҳунарнамоии футболбозони Тоҷикистон ҷавобгӯ ба бозиҳои Лигаи чемпионҳои Осиё аст. ФФТ умед дорад, ки дар сурати ба нишондиҳандаҳои боз ҳам беҳтар ноил гаштани футболи Тоҷикистон соли оянда дастаҳои кишварамон мустақиман дар бозиҳои Лигаи чемпионҳои Осиё ширкат меварзанд.
Ба ҳамин тартиб, дастаи «Истиқлол»-и Душанбе 13 декабри соли равон баъди қуръакашии бозиҳои гурӯҳии Ҷоми КФО дар мақомгоҳи ниҳоди футболи Осиё-дар Малайзия ҳарифони худро маълум хоҳад кард.
Дастаи «Ҳосилот»-и Фархор-соҳиби медалҳои нуқраи мавсими соли 2016 дар бозиҳои даври «плей-офф»-и Ҷоми КФО ҳунарнамоиашро оғоз мекунад.

Ноябрь 23, 2016 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад