Директори Маркази исломшиносӣ Ф. Баротзода дар бораи зарурути омўзиши мероси хаттии ниёгон дар даврони Истиқлолият

Ноябрь 11, 2016 13:57

Файзуллло БаротзодаДушанбе, 11.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккули марҳалаи кунунии рушди иҷтимоию гуманитарӣ, таърихию фарҳангӣ ва ахлоқию маънавии минтақаи Осиёи Миёна аслан пас аз пошхўрии Иттиҳоди Шўравӣ ҳамон вақте сароғози тоза гирифта­аст, ки дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ин халқҳо самтҳои нави рушд ва афзалиятҳо тағйир ёфтанд. Ба кишварҳои ин минтақа барои дар миқёси ҷаҳон муаррифӣ кардани сарнавишт, интихоби роҳҳои дурусти худшино­сӣ ва обуранги миллии худ имконияти васеъ фароҳам омад. Бояд гуфта шавад, ки анъанаҳои устувори миллӣ ва ҳамзистии қавмию мазҳабӣ дар аксари ҳолатҳо ҳамчун омили ташвиқкунанда ва нигоҳдо­ранда аз паро­кан­да­гии номатлуб барои мардуми минтақа хидмат карда­аст. Ҳамчунин ба хотири тантанаи адолат бояд дар ёдҳо маҳфуз бимо­над, ки дар гузаш­таи на он қадар дур бисёре аз ойинҳо, урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ, ёдгориҳои меъмории миллӣ, баъзе аз санъатҳои косибию ҳунармандӣ ва намудҳои зироати кишоварзии қавму миллатҳои шўравӣ дар зери шиори созишко­рӣ бо меъёрҳои умумииттифоқӣ бебозгашт аз байн рафтанд. Илова бар ин, дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна эҳсосоти динии мардум зери таъқиб қарор дошт, ёдгориҳои мероси хаттӣ ба алифбои арабӣ ба таври манфӣ пазируфта мешуд ва баъзан дидаю дониста несту нобуд мегардид. Масъалаи пешакӣ тарҳрезишудаи гузаштани ҳамаи халқҳои Осиёи Миё­на нахуст ба алифбои лотинӣ ва сипас кириллӣ то андозае ба худфаромў­шии миллӣ ва маънавии миллатҳои ин минтақа мусоидат намуд.

Дар партави талаботи нав чунин гардиши ҳаводис дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта барои ҷустуҷўи бозхости миллӣ, бозандешии таърихӣ ва корбурди донишу таҷрибаҳои андўхта роҳи тоза кушод. Ҳамаи халқҳои Осиёи Миёна барои муайян намудани самтҳои асосии рушди мустақи­лона дар ояндаи наздик бо эҳсоси масъулият ба гузаштаи худ рўй овар­данд, то ки такрори хатоҳои эҳтимолӣ ҳангоми та­ҳи­яи стратегияи давлатсозию давлатдории навин пешгирӣ карда шавад.

Аммо пайдоиш ва ташаккули илмҳои иҷтимоӣ ба маънои томи ин мафҳум дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна солҳои ҳокимияти шўравӣ зуҳур кард. Гузаштаи сиёсию иҷтимоии ин қавмҳо дар як қатор таърихно­ма­ҳои бостон, нусхаҳои бешумори дастнависҳо ва таълифоти хаттӣ инъикос ёфтаанд, ки ин навиштаҳои нодир асосан ба забонҳои арабӣ, порсии тоҷикӣ ва туркии осиёимиёнагӣ истинсох шудаанд. Дар шароити соҳибих­тиёрӣ ҳамаи ин маҳсулоти илмӣ маводи беназири ёрирасон барои барқарор намудани таърихи воқеӣ, адабиёт­шиносӣ, забоншиносӣ ва мардумшиносии ин миллатҳо шуда метавонад. Андаруни мероси хаттии асримиёнагии халқҳои Осиёи Миёна, ки аксарияти кулли онҳо ба забони порсии тоҷикӣ таълиф шудааст, маълумоти фаровон ҳам дар бораи таърихи ҷаҳону сарнавишти давлатҳои алоҳида ва ҳам дар бораи фарҳангу анъанаҳои шифоҳии халқҳои гуногун зарфият пайдо кардааст. Табиист, ки иттилооти ин манбаъҳо аз нигоҳи кафолати илмӣ бештар хусусияти тавсифӣ доранд, дар онҳо методологияи таҳлили танқидӣ ва роҳу усули дастрасии маълумот зикр нашудааст. Ҳамчунин дар тўли асрҳои сипаришуда масъалаи таълифи осори мансуб ба мавзўъҳои динию мазҳабӣ низ ҳамеша дар мадди назари олимону фақеҳони гузаш­таи мо қарор доштааст. Албатта, услуби мадҳу тавсифии онҳо намета­вонад ба талаботи илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ дар шароити муосир ҷавобгў бошад. Бартарияти таҳқиқоти даврони шўравӣ дар он ифода мегардид, ки он усулан бо методологияи таҳлили илмӣ мусаллаҳ буд ва маълумоти заруриро мутобиқ ба талаботи ҳамин шеваи худ аз даруни анбўҳи сарчашмаҳо истинбот мекард. Ҳамчунон дарк намудан зарур аст, ки тасаллути комили чунин методология дар таҳқиқоти илмӣ боиси баъзе тақсиру инҳирофҳо ва дуршавӣ аз анъанаҳои тоинқилобӣ гардид. Аз ин рӯ, кишварҳои Осиёи Миёна дар солҳои 90-ум ба таҳияи консеп­си­яи нави рушди илмҳои иҷтимоӣ ва гуманитарӣ шурўъ намуданд, то ки ме­ро­си хаттии тоинқилобии худро дигарбора мавриди омўзиш қарор диҳанд ва онро барои тақвияти истиқлолияти худ истифода баранд.

Мафҳуми «мероси хаттӣ» асосан ҳамон дастовардҳои бузурги бадеӣ, илмӣ, ахлоқию маънавӣ, динию эътиқодӣ ва зеҳнии фарҳанги башариятро дар бар мегирад, ки барои бозтоби гузаштаи қавму миллат­ҳо аҳамияти бузург доранд. Мероси беш аз ҳазорсолаи хаттии халқҳои Осиёи Миёна ба алифбои арабӣ бо таърихи футўҳот ва густариши дини ислом, ҳамчун яке аз динҳои яккахудоии ҷаҳонӣ ва эътирофи фарҳанги мусулмонӣ, ҳамчун қисмати ҷудонопазири тамадду­ни ҷаҳонӣ сахт алоқа­манд аст. Ҷойи баҳс нест, ки мероси хаттии ҳар як миллат дар омӯзиши ҷанбаҳои мухталифи таърихи гузаштаи он нақши муҳим мебозад. Дар асоси маводи сарчашмаҳои хаттӣ мо метавонем маълумоти муфассалро дар бораи як давраи муайя­ни рушди таърихии ҷомеа гирдоварӣ ва хуло­са­барорӣ намоем, доир ба авзои сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ, инчунин ҷаҳонбинии динию эътиқодӣ ва қавмию мазҳабии даврони гузаштаи наздику дур тасаввуроти ҷомеъ ҳосил намоем. Ин амал муноси­бати эҳтиёткоронаро талаб мекунад ва дорои консепсияи санҷидашуда ва рафтори илмӣ-тахассусии алоҳида аст, зеро барои муаррифӣ намуда­ни китобу рисолаи мушаххас ба нусхаи аслии дастнавис афзалият дода мешавад. Аммо дар сурати мавҷуд набу­дани нусхаи аслии асари мавриди омўзиш барқарор намудани матни асосӣ хусусияти мураккаб касб менамояд, зеро аз рўйи таҷриба дар нусхаҳои такрорӣ ва таҳрирҳои нави матн аз ҷониби котибон ё бо талаби фармоишгарони истинсохи нусхаи тоза ҳатман иловаҳои хусусияти иттилоотӣ ва услубӣ дошта ва ҳазфи баъзе матолиб ба мушоҳида мерасад. Вале андаруни ҳамаи ин гуфтугу­зор­ҳо чизи аз ҳама муҳим ва манбаи тафохури мо он аст, ки фарҳехтаго­ни илму адаби тоҷик ва халқҳои дигари минтақа вобаста ба имкониятҳои давраҳои гуногуни таърихӣ тавонистанд ахбору маълумоти пурарзишро дар матни китобу рисолаҳои махтут маҳфуз гардонанд, то фарзандони даврони истиқло­лият аз ҳузури ин ганҷинаи нодир таматтўъ баранд.

Боиси ифтихор аст, ки дар меҳвари сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи фарҳанги миллӣ, рушди илму маориф, нашри илмии осори мазҳабӣ, шинохти дурусти исломи ноб ва дастраси оммаи васеи мардум гардонидани тамоми осори хаттӣ мавқеи барозанда дорад. Ин муносибати дурбинона чунин маъно дорад, ки кишвари мо мероси маънавии худро соҳибӣ мекунад ва ба ҳеҷ кас иҷозати дастдарозӣ кардан ба ин ганҷи гаронбаҳои миллатро намедиҳад. Воқеан Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷи­кистон тавонист ҳамаи дастовардҳои дар даврони шўравӣ дар самти ҳифзи мероси маънавии ниёгон иҷрошу­да­ро ҳифз намояд ва ҷиҳати муаррифӣ намудани онҳо дар шароити соҳибихтиёрӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешад.

Бояд зикр намуд, ки дар муносибат ба сарчашмаҳои мазҳабии мусулмонӣ истилоҳи «адабиёти фиқҳӣ» (каноническая литература) исти­фода бурда мешавад. Нахустин бор ин истилоҳро арабшиноси машҳури шўравӣ И.Ю. Крачковский дар миёнаи солҳои 30-юми асри гузашта истифода бурдааст. Ҳангоми таҳияи барномаи таърихи адабиё­ти араб ў чунин андешаро баён кардааст: «Адабиёти араб, балки тамоми фарҳанги мусулмонӣ бе омӯзиши ҳамаҷонибаи адабиёти фиқҳӣ (Қуръон, тафсир­ҳои Қуръон, ҳадис, фиқҳ, адабиёти илмӣ-динӣ) нофаҳмо боқӣ мемонад ва он дар рушди худ на танҳо мадюни арабҳо, балки ҳамчунин намояндаго­ни як қатор халқҳои дигар ҳам ҳаст». Дар воқеъ, адабиёти фиқҳии мусулмонон дар натиҷаи омезиш бо анъанаҳои фарҳангии халқу миллатҳои дигари қаламрави Хилофат аз намудҳои гуногуни бадеиёт,  махсусан жанрҳои маъмулии он – таърихнигорӣ, насри илмӣ ва хитоба огоҳии фаровон пайдо кард. Ин жанрҳо барои бозгў кардани маъниҳои  матни Қуръон сахт мусоидат карданд. Зиёда аз ин таълифоти насрии омехта бо мазмунҳои қуръонӣ бо обуранги бадеӣ ва таърихии тамоман дигар зуҳур намуданд ва тамаддуни ҷаҳониро бо вежагиҳои ҷаҳонбинии мусулмонӣ ғанӣ гардониданд. Ҳамчунин бояд гуфт, ки дар шароити  Шарқи қурунивустоӣ адабиёти дарборӣ ҳеҷ гоҳ бо адабиёти фиқҳӣ ихтилоф надошт, балки масъалаҳои имонию эътиқодӣ дар он хеле сода ва фаҳмо баён мешуданд ва бе чунучаро пуштибонӣ пайдо мекарданд.

Дар асоси ин мулоҳизаҳо мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки мероси хаттии маҳфуз дар фондҳо ва шуъбаҳои дастнависҳои шарқии кишвар­ҳои Осиёи Марказӣ, инчунин нусхаҳои нодире, ки дар осорхона ва китоб­­хона­ҳои Аврупо ва Русия нигаҳдорӣ мешаванд, барҳақ ганҷинаи зеҳнии ҳамаи мардумони минтақа ва рамзи ифтихори миллии онҳост. Қисмати умдаи ин таълифот мавриди омўзиши муҳаққиқон қарор гириф­тааст, аммо имрўз адабиёти фиқҳӣ бо назардошти вазъияти ниҳоят мурак­каби сиёсӣ дар ҷаҳон ва боло гирифтани равандҳои ифротгароӣ ва тунд­га­роии динӣ ниёз ба омўзиши фарогир ва бунёдии бештар дорад. Бисёре аз онҳо бо сабаби мувофиқат накардан аз нигоҳи идеологӣ ва тамоюли миллӣ-мазҳабӣ доштан бо мўҳри «мамнўъ» гурўҳбандӣ мешу­данд. Баъзе аз ёдгориҳои мероси хаттӣ бо ихтисорҳо ё ҳазфи ҷойҳои «нолозим» ба табъ мерасиданд, ки дарёфти муҳтавои аслӣ ва мукаммали онро то андозае мушкил мегардонид.

Аммо тамоми маҷмўи дастнависҳои маҳфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷиҳати мазмуну муҳтаво чунин табақабандӣ кардан мумкин аст: а) адабиёти динӣ-мазҳабӣ: Қуръон, тафсирҳои Қуръон, фиқҳ, ҳадис, сирати пайғамбар, маноқиби хулафо, саҳобагон, табақоти олимону фақеҳон, адабиёти ирфонӣ ва тасаввуф; б) таърихномаҳо, насри динӣ-таърихӣ, сафарномаҳо, рисолаҳо оид ба ҷуғрофиёи таърихӣ, муъ­ҷам­ҳои кишварҳо, шаҳрҳо ва қавму миллатҳо; в) девонҳо, баёз ва тазкираҳои адабӣ, маҷмўаҳои шеърӣ ва насрии адибони халқҳои гуногун ба забонҳои арабӣ, тоҷикӣ ва туркии қадим; г) рисола ва тазкираҳои илмӣ оид ба санъати мусиқии минтақа; ғ) таълифоти илмӣ ва рисолаҳо оид ба илмҳои дақиқ – тиб, риёзиёт, физика, ситорашиносӣ, кимиё, таърихи пайдоиш ва густариши улум дар минтақаи Осиёи Марказӣ.

Тибқи ҳисобҳои оморӣ тақрибан 50% ин дастнависҳо ба гўрўҳи адабиёти динӣ-мазҳабӣ мансуб мебошанд. Ба истиқлолияти давлатӣ раси­да­ни ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна масъалаи омўзиши дастҷамъона ва ҳамоҳангсозии корҳоро доир ба омӯзиши ин ёдгориҳо осонтар гардонид ва беҳтар шудани муносибати кишварҳо бо Ҷумҳурии Ўзбекистон татбиқи барномаҳои ояндаи муштаракро тақвият мебахшад. Ҳоло як шароити мусоид ва фазои бемонеа барои анҷом додани тадқиқоти ҳамаҷонибаи мероси хаттӣ тибқи гурўҳбандии мазкур фароҳам омадааст. Албатта, дар ҳар як кишвари соҳибистиқлоли Осиёи Миёна корҳои алоҳида дар ин самт анҷом дода мешаванд. Ривоҷи ифрот­га­роию тундгароӣ ва суиистифода аз арзишҳои дини ислом ҳамоҳанг­созии фаъ­о­ли­я­ти марказҳои тадқиқоти адабиёти мазҳабиро дар ин самт тақозо мена­мояд. Минтақаи ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳр доир ба таълимоти мовароуннаҳрии мазҳаби ҳанафӣ тамоми маводи лозимиро оид ба фиқҳ, ақида, шариат, усул, калом, ирфону тасаввуф ва аҳкому масъалагузориҳои динию мазҳабӣ дар шакли таълифот ва рисо­ла­ҳои илмии бешумор ба мерос мондааст. Бояд сарчашмаҳои бунёдӣ ва дархў­ри талаботи рўз бо ҷалби олимон ва мутахассисон чоп карда шаванд ва дар ҳолати зарурӣ ба забонҳои русӣ ва англисӣ тарҷума гарданд.

Маркази исломшиносӣ доир ба ин масъала тасмим гирифтааст, ки нахуст феҳристсозии тамоми адабиёти мазҳабиро дар асоси дастнавис­ҳои маҳфуз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом диҳад ва дар навбати дуюм, чопи таълифоти муҳимтаринро аз тариқи тарҷума ва баргардони он ба забони муосири тоҷикӣ роҳандозӣ намояд. Чопи китоби «Усули дин»-и Абулюсри Баздавӣ ва «Саводи Аъзам»-и Абулҳакими Самарқандӣ дар асоси нусхаҳои маҳфуз дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози чунин иқдомҳои наҷиб мебошанд. Бо итминон метавон гуфт, ки нашри мероси хаттии мансуб ба мазҳаби ҳанафӣ ва таълимоти исмоилия барои таҳкими амнияти миллӣ-фарҳангӣ ва ҳифзи фазои иттилоотии ҷумҳурӣ аз таъсиргузории андешаҳои бегона мусоидат менамояд ва барои татбиқи амалии сиёсати фарҳангсолории Пешвои миллат заминаҳои боэътимод омода месозад.

 

 Файзулло Баротзода

 директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон

 

 

Ноябрь 11, 2016 13:57

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲИФЗИ НАЗМУ ТАРТИБОТ ВА СУБОТУ ОРОМӢ. Иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузор шудааст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МИЛИТСИЯ. Милитсия посдори суботу оромӣ ва кафили осудагиву хотирҷамъии мардум мебошад
СИТРУСПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон 7 навъи меваи ситрусиро парвариш менамояд
ҶИНОЯТКОРӢ БАЙНИ НОБОЛИҒОН ТАШВИШОВАР БОҚӢ МЕМОНАД? Баҳри пешгирии он чӣ бояд кард?
ФАРҲАНГИ ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ. Асбоби электрикӣ дар реҷаи интизорӣ ҳам энергия истеъмол мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон санади тақдирсоз, роҳнамо ва шаҳодатномаи халқи Тоҷикистон аст
Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ дониста, онҳоро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд
Конститутсия омили асосии кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон гардид
30 соли мавҷудият ва 30 нақши Конститутсия дар пешрафту инкишоф, назму тартибот, амнияту субот ва муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ
МИЛЛАТИ ТОҶИК ДАР ОИНАИ ҚОНУН. Эҳдо ба 30-солагии Конститутсияи Тоҷикистон
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ УМДАИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТ. Он василаи пайванд ва муносибат бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст
Сулаймон Султонзода: «Конститутсияи Тоҷикистон барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон маҳаки асосӣ аст»