Футбол: роҳхати ягонаро бонувони Ӯзбекистон ба даст оварданд

Ноябрь 2, 2016 09:50

Душанбе, 02.10.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе мусобиқаи интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол байни бонувони то 19-сола дар гурӯҳи «Б» ба поён расид, ки дар он футболбозони ҳамсоякишвар- Ӯзбекистон ғолиб омада, ягона роҳхатро ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати Осиё, ки соли оянда дар Чин барпо мегардад, бо худ бурданд.

Дар бозии охирини худ дастаи мунтахаби бонувони  Ӯзбекистон бар ҳарифи асосиаш  дар ин гурӯҳ-дастаи мунтахаби Тайбейи Чин бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард. Тӯбро Мафтуна Панҷиева дар дақиқаи 26-ум аз зарбаи пеналтӣ ба ҳадаф расонд.

Дар бозии дигари даври сеюм футболбозони кишварамон аз дастаи мунтахаби Гонконг бо натиҷаи 1:0 мағлуб шуданд. Дар ин вохӯрӣ низ тақдири бозиро ягона гол аз зарбаи пеналтӣ ба нафъи меҳмонон ҳал кард. Пуи Ки Чунг муаллифи ин гол шуд.

Ба ҳамин тартиб дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар се бозӣ, Тайбейи Чин дар ду вохӯрӣ ва Гонконг дар як бозӣ пирӯз гардиданд.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали ниҳоии бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи «Б» дар шаҳри Душанбе чунин аст:

    Б Ғ М Б Т/Т И
1 Узбекистон 3 3 0 0 7-0 9
2 Тайбейи Чин 3 2 0 1 8-3 6
3 Гонконг 3 1 0 2 1-6 3
4 Тоҷикистон 3 0 0 3 2-9 0
Ноябрь 2, 2016 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад