Комил Мирзоалӣ: «Конститутия барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки давлати муосир асос гузошт»
Душанбе, 04.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. «Конститутсия-дастоварди бузурги миллӣ» -таҳти чунин унвон имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати «Роҳи оҳанчиён»-и КВД Роҳи оҳани Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» Анвар Латифзода, сардори котиботи КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷаласа собиқадорон, намояндагони вазорату идораҳои кишвар ва кормандон ширкат варзиданд.
Сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Комил Мирзоалӣ иштирокдоронро ба 22-солагии муҳимтарин ва волотарин санади ҳуқуқии кишвар-Конститутсия табрик намуда, зикр кард: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ қабул шуда буд, дар таърихи давлатдории мо саҳифаи наверо оғоз намуда, асосу пойдевори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардид. Қонуни асосии кишвар, ки дар марҳилаи басо мураккаби сиёсии рӯзҳои аввали ташаккули давлати мустақил қабул гардид, бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, ҳамчун санади муҳими ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои амалӣ намудани ҳадафҳои неки созандаи пешрафту тараққиёти давлати муосир асос гузошт».
Иштирокдорон оид ба аҳамияти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии конститутсия, таҳкими равандҳои демократикунонӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ сухан гуфтанд.








Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд






