Лигаи чемпионҳои Аврупо: дар бозии дастаҳои «Легия» ва «Реал»-и Мадрид голборон ба мушоҳида расид
Душанбе, 03.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар рӯзи дуюми бозиҳои даври чоруми Лигаи чемпионҳои Аврупо дастаи «Легия»-и Лаҳистон дар майдонаш бо «Реал»-и Мадрид дар гурӯҳи «F» қувва озмуда, натиҷаи ҳангомаомези 3:3-ро комёб гардид. Дар бозии қаблии ин дастаҳо дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу» клуби шоҳона бо нишондои 5:1 ғолиб омада буд.
Ин вохӯрӣ ба спектакли ҳақиқӣ мубаддал гардид. Мутаассифона, бо муҷозоти Иттиҳоди футболи Аврупо тамошобинон ба варзишгоҳ роҳ дода нашуданд ва бозӣ танҳо бо ҳузури рӯзноманигорон барпо гардид. Аллакай дар сонияҳои аввали дидор Гарет Бейл ҳисобро боз кард. Аз ин наҳаросида, дастаи сатҳи миёнаи Аврупо-«Легия» тавонист ба футболбозони машҳури ҷаҳон рақобати арзишманд нишон дода, онро мусовӣ(3:3) ҷамъбаст намояд. Бензема (35, 2:0), Вадис Оҷиҷза(40, 2:1), Радович (58, 2:2), Мулен (83, 3:2) ва Ковачич (85, 3:3) муаллифи голҳо гардиданд.
Дар ин гурӯҳ «Боруссия» бар «Спортинг» (1:0) ғолиб омад.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | БОРУССИЯ Д | 4 | 3 | 1 | 0 | 11-3 | 10 |
| 2 | РЕАЛ МАДРИД | 4 | 2 | 2 | 0 | 12-7 | 8 |
| 3 | СПОРТИНГ | 4 | 1 | 0 | 3 | 4-5 | 3 |
| 4 | ЛЕГИЯ | 4 | 0 | 1 | 3 | 4-16 | 1 |
Бозиҳои дигари гурӯҳҳо бо чунин натиҷа анҷом ёфтанд:
Гурӯҳи Е
Монако (Фаронса) – ССКА (Маскав) 3:0
Тотенҳем (Англия) – Байер (Олмон) 0:1.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | МОНАКО | 4 | 2 | 2 | 0 | 7-3 | 8 |
| 2 | БАЙЕР | 4 | 1 | 3 | 0 | 4-3 | 6 |
| 3 | ТОТТЕНХЭМ | 4 | 1 | 1 | 2 | 2-3 | 4 |
| 4 | ССКА | 4 | 0 | 2 | 2 | 3-7 | 2 |
Гурӯҳи G
Копенгаген (Дания) – Лестер (Англия) 0:0
Порту (Португалия) — Брюге (Белгия) 1:0.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | ЛЕСТЕР | 4 | 3 | 1 | 0 | 5-0 | 10 |
| 2 | ПОРТУ | 4 | 2 | 1 | 1 | 4-3 | 7 |
| 3 | КОПЕНГАГЕН | 4 | 1 | 2 | 1 | 5-2 | 5 |
| 4 | БРЮГГЕ | 4 | 0 | 0 | 4 | 1-10 | 0 |
Гурӯҳи Н
Севиля (Испания) – Динамо (Загреб, Хорватия) 4:0
Ювентус (Италия) – Лион (Фаронса) 1:1.
| N | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т/т | И |
| 1 | СЕВИЛЯ | 4 | 3 | 1 | 0 | 6-0 | 10 |
| 2 | ЮВЕНТУС | 4 | 2 | 2 | 0 | 6-1 | 8 |
| 3 | ЛИОН | 4 | 1 | 1 | 2 | 4-3 | 4 |
| 4 | ДИНАМО Зг | 4 | 0 | 0 | 4 | 0-12 | 0 |
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






