М. Муродӣ: «Таъсиси Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замон аст»

Ноябрь 15, 2016 15:01

murodiДушанбе, 15.11.2016 /АМИТ «Ховар»/ «Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи давлатдории халқи тоҷик падидаи тозае мебошад, ки воқеан барои гиромидошти арзишҳои миллии мо аҳамияти ҳаматарафа дорад». Ин нуктаро имрӯз доктори илмҳои филологӣ, профессор Мурод Муродӣ зимни ҳамоиши илмии «Таҷлили Рӯзи Президент- арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ», ки дар Вазорати фарҳанги кишвар доир гардид, баён намуд.
Мурод Муродӣ ҳамчунин иброз дошт, ки Тоҷикистони муосир марҳилаҳои душвор, тақдирсоз ва бунёдиро паси сар намуда, дар таҳкими давлатдорӣ аркони бузургеро ба шакл даровард ва сиёсати бисёр хирадмандонаву устувореро ба роҳ монд.
prezident-tabassum«Дар радифи ҷашнҳои миллӣ ворид шудани Рӯзи Президент зарурати таърихӣ ва тақозои замон буда, на танҳо маънои эҳтиром ба шахсияти барҷастаест, ки тамоми ҳастии худро барои ободии кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум сарф менамояд, балки нишонаи шинохт ва гиромидошти арзишҳои миллии халқи тоҷик аст»,- гуфт мавсуф.

Абдулмуъмин Қутбиддинов, корманди Пажӯҳишгоҳи фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанг, номзади илмҳои филологӣ дар ҳамоиш иброз дошт, ки «имрӯз нақши созандаи Эмомалӣ Раҳмон дар давлатдории миллӣ побарҷост. Давлатдории миллӣ маънои миллатгароиро надорад. Агар чунин намебуд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дарҳои бозро пеш намегирифт».
«Имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии Эмомалӣ Раҳмонро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар даври сиёсат байни Иттиҳоди давлатҳои мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешуд»,-иброз дошт Абдулмуъмин Қутбиддинов.

Ноябрь 15, 2016 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон