НОМИ НАКӮ-НИМИ ҲУСН. Номҳои корхона, муассиса, нуқтаҳои фурўши маҳсулот ва лавҳаю овезаҳои пойтахт аз ин пас бояд танзим карда шаванд!

Ноябрь 2, 2016 17:04

Душанбе, 02.11.2016. /АМИТ «Ховар»/. Номи корхонаҳо, муассисаҳо, нуқтаҳои фурўши маҳсулот ва хизматрасонии маишӣ, бозорҳо, лавҳаву овезаҳои пойтахт аз ин пас ба танзим дароварда мешаванд. Бо ин мақсад дар шаҳри Душанбе Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Комиссия аз намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Абўабдуллоҳ Рўдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

pojtaht-5Тавре ки раиси Комиссияи муваққатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Зариф Наимов ба АМИТ «Ховар» баён дошт, комиссия кори худро дар ду марҳила ба роҳ монда, дар марҳилаи аввал гурӯҳ бо вазъ ва ҳолати риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар корхонаҳо, муассисаҳо, нуқтаҳои фурўши маҳсулот, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва кўчаю бозорҳои шаҳри Душанбе шинос мегардад. «Мо, пеш аз ҳама, масъаларо омўхта, таклифҳои худро дар бартарафсозии камбудиҳои ошкоргардида пешниҳод менамоем. Роҷеъ ба масъалаҳои мавҷуда санадҳо тартиб дода, барои ислоҳи онҳо муҳлат муайян карда мешавад. Дар марҳилаи дуюм кор бо мақомоти ҳуқуқии дахлдор барои ба ҷазоҳои маъмурӣ кашидани нафароне, ки дар муҳлати муайяншуда камбудиҳоро ислоҳ накардаанд, оғоз мегардад. Санадҳои тартибдодаи комиссия нисбат ба корхонаю муассисаҳо, нуқтаҳои фурўши маҳсулот ва нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, ки дар риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба хатоҳо роҳ додаанд, пешниҳод мешаванд»,-зикр намуд раиси комиссия.

pojtaht-80Аъзои комиссия ҳамроҳи кормандони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе рӯйхати номҳои мағоза, қаҳвахона, корхона ва ташкилотҳоро дастрас намуда, мавриди омўзиш қарор додаанд. «Баъди муҳокима ва баррасӣ хулосаҳо ба соҳибони корхонаҳо, муассисаҳо, нуқтаҳои фуруши маҳсулот, нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ ва масъулони шиору овезаҳои кўчаю бозорҳои шаҳри Душанбе барои ислоҳ ва риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод мешаванд. Аъзои комиссия азм доранд, ки то ба як низом даромадани риоя ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Душанбе кори комиссияро идома диҳанд»,-илова намуд. З. Наимов.

Камол Насрулло, узви комиссияи номбурда мегӯяд, ки воқеан ҳам бисёр номҳо аз сабаби ба меъёри забон ҷавобгӯй набудан тақозои тағйирдиҳӣ доранд.
«Номи қаҳвахонаҳои «Рандеву», «Парадокс», «Старый дворик», «Союз бистро», «Ҷорҷия», «Стекхаус» ба забони давлатии мо ягон дахл ё наздикӣ надоранд ва ҳамаи ин номҳоро метавон ба тоҷикӣ бо маънои аслиашон иваз кард. Ин як камбудии пойтахти Тоҷикистон аст, ки мағозаю қаҳвахонаҳояш ба кадом забоне, ки хоҳанд, номгузорӣ шудаанд»,-афзуд мусоҳиб.
pojtaht-2Ба қавли К. Насрулло мағозаи «Аромат», воқеъ дар кӯчаи Шоҳмансурро метавон «Накҳат» ва ё «Шамим» ном гузошт. Умуман синонимҳои зиёди ин номҳоро метавон пешниҳод кард. «Хатои маъмуле, ки дар номи мағозаҳо ва дар ВАО низ ба назар мерасад- ин нодуруст истифода бурдани вожаҳои «хӯрока» ва «пӯшока» аст, ки ғалати маҳз мебошад. Тарзи дурусти ин вожаҳо «хӯрокворӣ», «либосворӣ» мебошад, ки чунин хатоҳо дар ноҳияи Шоҳмансур хеле зиёд ба назар мерасанд»,-зикр намуд К. Насрулло.
Номҳои бозорҳо, чун «Маршал ду», «Авиатор» шоири шинохтаро ба тааҷҷуб овардаанд. «Як камбудии дигар ҳангоми номгузории мағозаву корхонаҳои пойтахт- ин мондани номҳои шахсӣ мебошад. Соҳибкорону тоҷирон бо муҳаббат мехоҳанд номи фарзанду набераашонро дар мағозаҳояшон дарҷ намоянд, вале агар ин иқдом идома ёбад, пойтахти мо аз номи инсонҳо пур хоҳад гашт. Барои он ки номи инсон дар ягон ҷо дарҷ шавад, он шахс бояд ба ин амал сазовор гардад».
Гурӯҳи корӣ ҳангоми омӯзиш мағозаеро бо номи «Ф. Абдуллоев» ва «А.Азиз» низ мушоҳида намуд, ки ин номҳо ба талабот ва завқу зебоӣ умуман ҷавобгӯй намебошанд. Тарзи нодурусти талаффузи вожаҳо низ ба номгузории нодуруст оварда мерасонад. Масалан, агар мағозаҳои «Москва» ва «Россия»-ро таҳлил кунем, дар забони тоҷикӣ ин калимаҳо чун «Маскав» ва «Русия» қабул шудаанд. Баъдан ин ном бо мағоза бояд ягон алоқамандӣ дошта бошад. Яъне он ҷо бояд молҳои Русия ё бо тамғаи Маскав ба фурӯш бароварда шаванд. Бе мақсад мондани чунин номҳо маънӣ надорад»,-маслиҳат дод К. Насрулло.
pojtaht-10Баъди таҳлилу баррасӣ эродҳо ба шахсони дахлдор пешниҳод мегарданд. Масъулон бояд дар якҷоягӣ бо комиссия номи муносиб интихоб карда, номи ғалатро иваз кунанд.
Ин масъала нисбат ба овезаҳо низ дахл дорад. Бояд ҳамаи лавҳаву овезаҳо ва шиорҳои пойтахт ба Қонуни забони давлатӣ ҷавобгӯй бошанд.
Дар мавриди такрори номҳо ва рақамгузорӣ К. Насрулло таъкид намуд, ки номҳо набояд такрор шаванд, зеро як ном бояд як ташкилот ва ё корхонаро муаррифӣ кунаду тамғаи ҳамон ҷо бошад. Рӯйпӯш кардани чунин номҳо бо рақамҳо низ он қадар ҷоиз нест. «Масалан, солҳои охир бештар номгузории рақамӣ, чун «Пойтахт -80», «Пойтахт 90», «Умед -88» маъмул гаштааст ва ман муқобили чунин номгузорӣ ҳастам. Забони тоҷикӣ забони бою зебо мебошад ва мо бояд аз вожаҳои шинаму шево истифода намоем», — гуфт мусоҳиб.
Ба андешаи гурӯҳи корӣ, дар шаҳр ҳазорҳо ном дағал ва ноҷо истифода шудаанд. Пас аз ислоҳи камбудиҳо дар пойтахт чунин комиссия бояд дар шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Тоҷикистон таъсис дода шавад. Умуман чунин комиссия бояд доимӣ бошад, то дар оянда чунин камбудиҳо сари вақт ислоҳ шаванд.

Л. Қосимова

Ноябрь 2, 2016 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борону барф дар назар аст
«ОЛИҲАИ МЕҲР». Маҷмуа ба мақоми занони фаъоли тоҷик дар рушди ҷомеа бахшида шудааст
«Анор» сокинони Душанберо хушҳол намуд
Дар вилояти Суғд бо собиқадорони меҳнат вохӯрӣ баргузор шуд
ДАРАХТ БИШНОН! Дар шоҳроҳи Душанбе — Варзоб беш аз 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
Дар академияи зимистонаи «Ҳаво» масъалаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд
Дар шаҳри Ҳисор ба маъюбон аробачаи маъюбӣ дастрас карда шуд
Дар Душанбе дастовардҳои рушди соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ гардиданд
Имрӯз дар Душанбе борон пешгӯӣ мешавад
Вобаста ба хатари терроризм ба низоми давлатдории муосир дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд