Ҷоми ҷаҳон-2018: Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон мақоми дуюмро аз даст дод
Душанбе, 16.11.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қитъаи Осиё даври 5-уми бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 баргузор гардид. Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон дар гурӯҳи «А» дар мизбонии дастаи мунтахаби Кореяи ҷанубӣ бо натиҷаи 2:1 мағлуб гардид. Сараввал футболбозони ӯзбек баъди голи Марат Бикмаев дар дақиқаи 25-ум ба сафи пеш баромаданд. Аммо бо дастгирии беш аз 30 000 мухлис дар нимаи дуввуми бозӣ соҳибони майдон-футболбозони Кореяи ҷанубӣ бо голҳои задаи Нам Таини (67) ва Ко Йо Чол (86) ба ғалабаи ниҳоят муҳим комёб гардиданд. Баъди ин бохт дастаи мунтахаби Ӯзбекистон аз зинаи дуюм ба сеюм фаромад.
Дар ин рӯз дар гурӯҳи «А» бозии дастаҳои мунтахаби Чин бо Қатар ва Сурия бо Эрон бо натиҷаи якхелаи 0:0 анҷом ёфтанд. Мусобиқаи боқимондаи дастаҳо дар соли 2017 идома меёбад. Мавқеи дастаҳо дар гурӯҳи «А» чунин аст:
|
Дар гурӯҳи «В» чунин натиҷаҳо ба даст омаданд ва ҷадвали мусобиқа чунин шакл гирифтааст:
| Таиланд — Австралия — 2:2 |
| Япония – Арабистони Саудӣ — 2:1 |
| АМА — Ироқ — 2:0 |
|
Ба ҳамин тартиб, ёдрас мешавем, ки аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои ниҳоии Чемпионати ҷаҳон-2018, ки дар Русия баргузор мегардад, роҳхат мегиранд. Соҳиби ҷойҳои сеюми гурӯҳҳо байни ҳам қувва месанҷанд ва барои ба бозиҳои ниҳоӣ рафтан бо дастаи КОНКАКАФ барои як роҳхати дигар мубориза мебаранд.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд






